Русия ба муҳоҷирони тоҷик нафақа медиҳад
Лоиҳаи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи танзими нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик ниҳоӣ шуда, дар ҳоли ҳозир коршиносони ду тараф иҷрои онро ҳамоҳанг мекунанд. Дар ин бора Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, хабар дод.
Дар сурати имзои ин созишнома 500 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ҳаққи дарёфти нафақаро пайдо хоҳанд кард. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар давоми ду соли охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия кор мекунанд, афзоиш ёфтааст ва ин шумора дар охири соли 2015 ба 500 ҳазор нафар расида буд. Нурулло Маҳмадуллозода гуфт,«лоиҳаи ин созишномаро ҷониби Русия барои мувофиқа ба ҳукумати Тоҷикистон фиристодааст. Мо дигар бо ҷониби Русия дар масъалаи таъмини нафақа ихтилофи ҷиддӣ надорем.»
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз иромаи маълумот дар бораи вақти имзои ин созишнома худдорӣ кард, вале гуфт, онҳое бо нафақа таъмин хоҳанд шуд, ки корашон дар Русия расмӣ аст ва бо суғуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Яъне, тибқи созишномаи нави таҳияшуда муҳоҷироне, ки расман кор мекунанд, ба давлати Русия бояд андози иҷтимоӣ пардохт кунанд. Дар он сурат ҳукумати Тоҷикистон дар давраи бознишастагӣ ин маблағҳоро аз Русия мегирад ва ба худи муҳоҷирон чун нафақа пардохт мекунад.
Дар гузашта ин ақидаҳо низ вуҷуд дошт, ки муҳоҷирони корӣ бояд ба фондҳои махсуси иҷтимоӣ як миқдор маблағ интиқол диҳанд, то дар давраи пиронсолӣ ин фондҳо маблағи ҷамъшудаи муҳоҷиронро чун нафақа ба онҳо баргардонад. Ин фондҳо метавонанд ё дар дар қаламрави Тоҷикистон ва ё дар қаламрави Русия ташкил шаванд. Чунин кор дар бисёре аз давлатҳои дунё барои шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Вале Нурулло Маҳмадуллозода мегӯяд, тибқи созишномаи нав ташкили чунин фондҳои махсус зарурат надорад, чун муҳоҷири расмӣ ба фондҳои иҷтимоии Русия андоз месупорад ва он заминаи дарёфти нафақа дар пиронсолиро фароҳам меорад. Бо назардошти маблағи ҷамъшуда ҳукумати Русия ба муҳоҷир нафақа таъин меку
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ