Русия: Боз як миллионери тоҷик ба духтараш туйи афсонавӣ кард

Шоми 8 июл дар тарабхонаи «Zavoronki Event Hall” дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав тӯйи арӯсии Регина ва Асом доир шудааст. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, Регина духтари соҳибкори шинохтаи тоҷики муқими Русия Диловар Муҳиддинов мебошад.

Тарабхонаи «Zavoronki Event Hall”, воқеъ дар шаҳраки Жаворонкии ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав, ки дар тақрибан 44-километрии ғарби пойтахти Русия ҷойгир шудааст, бо нашри чанд акс дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои интернетӣ хабар дод, ки шоми 8 июл дар ин тарабхона тӯйи арӯсии Регина ва Асом доир шудааст: «Вчера мы сделали сказку! Для них!” («Дирӯз мо афсона сохтем! Барои онҳо!”

«Zavoronki Event Hall” дар бораи кӣ будани арӯсу домод ҷузъиёте ба ҷуз аз номи онҳо надодааст. Асом як ҷавони зодаи Қафқоз ва арӯси ӯ Регина – духтари соҳибкори шинохтаи тоҷик Диловар Муҳиддинов мебошад.

Диловар Муҳиддинови 47-сола яке аз соҳибкорони тоҷики матраҳ дар Русия ба шумор меравад. Ӯ аз моликони ширкати «Транс Евразия Лоҷистик” – яке аз ширкатҳои пештози боркашонӣ ва лоҷистикии Русияро мутааллиқ ба ӯ мешуморанд. Диловар Муҳиддинов ҳамчунин умури меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав (Гостевой дом) ва қаҳвахонаи «Хайём” дар ин меҳмонхонаро низ дар даст дорад.

Ороиши толор барои маъракаи арӯсии Регина ва Асомро ширкати Lidseventhouse Dйcor анҷом додааст, ки як ороиши асосиаш қандили бениҳоят мунаққаши дар толори тарабхона будааст.

Misha Moon бо нашри як акс аз ин арӯсӣ навиштааст, ки пироҳани арӯс, ки сохтаи ширкати муди Ralph and Russo мебошад, бо сангҳои қиматбаҳояш 36 кило вазн доштааст.

Диловар Муҳиддинов, ки 30 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад, дар соли 2013 бо харҷи беш аз 1,5 миллион доллар дар зодгоҳаш — ноҳияи Фархор як мактаби сеқабата бино кард. Ӯ ҳамин тавр сохтмони 15 километр аз 25 километр тӯли роҳи мошингард аз ҷамоати Ғайрат то маркзаи ноҳияи Фархорро ба дӯш гирифт. Дар расми гушоиши ин мактаб ва оғози сохтмони роҳи Ғайрат – Фархор раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат карда буд.

Бозори марказии ноҳияи Фархор низ ду сол пеш дар ихтиёри хонаводаи бонуфузи Муҳиддиновҳо қарор гирифт. Раҳбарии ин бозорро ҳоло Тоҷиддин Муҳиддинов – як бародари дигари Диловар Муҳиддинов ба дӯш дорад.

Исми Диловар Муҳидддинов дар ҳафтаҳои охир ду маротиба вирди забони расонаҳо шуд. Бори аввал ба далели сӯхтори бузурги шоми 30 май, ки боиси тақрибан саросар ба коми оташ рафтани тамоми дӯконҳои бозори марказӣ ва бозори нави ноҳияи Фархор шуд.

Бори дуюм рӯзи 17 июн, вақте Баҳром Муҳиддинов, бародари Диловар Муҳиддиновро, ки дар мақоми мудири меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон дар Маскав кор мекард, барои гӯручӯб ба зодгоҳаш – ноҳияи Фархор бурданд. Гуфта мешавад, ки ҷасади Баҳром Муҳиддиновро аз чердаки бинои меҳмонхона ёфтаанд ва ӯ ба далелҳои ҳанӯз номаълум худро ба дор кашидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *