Арӯси бачилла аз ҷабри шавҳар уксус хӯрд

Хабари нохуш

-Саврӣ, хабар дорӣ, дар Восеъ дар рӯзи ид як арӯсакро куштанд,-пурсид дар сари дастурхон холадухтарам, ки рӯзи дуюми иди Фитр аз ноҳияи Восеъ ба шаҳри Душанбе, ба хонаи ман меҳмонӣ омада буд.

-Наход дар рӯзи ид чунин нохушӣ шуда бошад-а? -гуфтам бо таассуф ва пурсидам:

-Арӯсро кӣ ва барои чӣ куштааст?

-Овозаҳо бисёранд, вале асли гапро ҳеҷ кас намедонад,-китф дарҳам кашид духтари холаам ва афзуд,-дилам ба ҳоли модараш месӯзад, ҳама ид мекунанду он занаки бечора бошад, рӯю мӯяшро канда дар ғами духтари  ҷавонмаргаш мисли абри навбаҳор зор-зор мегиряд…

-Магар осон аст, духтарро 18-19 сол калон карда, бо сад орзую ормон ба шавҳар диҳию мурдаашро ба хонаат биёранд! Худованд чунин рӯзи сахтро ба душмани кас ҳам нишон надиҳад,-лаб газида гуфтам ман ва қарор додам, ки ҳатман ба ҷойи ҳодиса сафар намуда, сабаби марги гуларӯсаки восеъгиро ҷӯё мешавам.

Овозаю овоза…

Рӯзи дигар ҳама кору борамро партофта, сари субҳ роҳи ноҳияи Восеъро пеш гирифтам. Дар истгоҳи таксиҳое, ки ба самти Восеъ мераванд, суҳбати мусофирон танҳо дар бораи марги пурмуаммои арӯсаки восеъгӣ буд. Яке мегуфт, ки арӯс худаш уксус хӯрда мурдааст, дигарӣ иддао менамуд, ки арӯсакро зӯран куштаанд, саввумӣ марги арӯсро ба моҷарои шаби аввал рабт дода мегуфт, арӯсак аз нангу номус маргро авлотар донистааст…

Хулоса, ҳар кас  фоҷиаи арӯсакро ба таври худ обу ранг медод. Сару садоҳои зиёд дар бораи ин ҳодисаи таассуфовар маро муътақид гардониданд, ки ин овоза бофтаи хаёли духтари холаам набуда, ҳақиқат дорад, вагарна ҳама дар бораи марги арӯс гап намезаданд…

Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат

Сараввал ба прокуратураи ноҳияи Восеъ даромадам, то асли гапро аз масъулин бифаҳмам, аммо “ин парвандаро прокуратураи генералӣ тафтиш мекунад” гӯён, аз додани маълумот худдорӣ намуданд. Азбаски фурсат ниҳоят танг буд, бо эшон баҳс карданро ба худ раво надида, роҳи хонаи падари арӯсаки ҷавонмаргро пеш гирифтам.

Нолаи ҷигарсӯзи модар

Ранги заъфаронию чашмони аз шиддати гиряву шабҳои бехобӣ варамидаи модари мотамзада Фозила Мирзоева раҳми касро меоварду нолаҳои пурсӯзи ҷонгудозаш дили сангро об мекард.

“Гулдухтари бахту тахт надидаи оча, гуларӯси сиёҳпичаи оча, кошкӣ худованд ҷони маро барвақт мегирифт, ки ин рӯзи сахтро намедидам. Эй мардум, эй дӯстон, мани сарсахт ҷигари пора-пора шудаи арӯсаки 38 рӯзаамро бо ана ҳамин дастонам аз рӯйи замин бо пахта ҷамъ кардам. Мефаҳмед, ҷигари фарзандамро аз рӯйи фарш бо пахта чидам. Ҳар боре, ки духтаракам оқ мегуфту ҷигараш аз даҳонаш мерехт, мани сарсахт сад бор мурда-зинда мешудам, вале худованд ҷонамро нагирифт. Мурдан аз дидани чунин рӯзи сахт осонтар аст, худоҷон, ҷонамро бигир, то ки ба назди духтараки ормониам равам…” Модар аламҳои дилашро мегуфту мегирист, мегуфту мегирист, мегуфту мегирист, гӯё қалби пурхунаш уқёнуси дард гашта буд ва ҳеҷ ғаму дардаш поён надошт…

Модар:

Нависед, ҳамаашро нависед!

Пас аз хеле гиристан модар аз ҳол рафта лаҳзае хомӯш шуд ва аз рӯйи таомул бо мо салому алейк карда гуфт:

-Духтарҷон, росташро гӯям, ман шуморо нашинохтам.

-Холаҷон, ман журналист, аз шаҳри Душанбе, омадам, ки ба шумо ҳамдардӣ баён намуда, сабаби марги духтаратонро фаҳмам…

-Хуб кардӣ, ки омадӣ духтарам! Аз рӯзе, ки ҳамин ҳодисаи нохуш рӯй дод, Худоро зорӣ мекардам, ки ягон журналист омада, дарди дили моро пурсад. Аз афташ худованд оҳи дили мани зорро шунида, туро ба хонаи мо фиристод. Навис духтарам, навис, ҳамаашро навис, бигзор мардум фаҳманд, ки барои чӣ гул барин духтари ман, ки ҳатто чиллаи арӯсиаш ҳанӯз набаромада буд, ба зери хоки сард рафт. Шояд калонҳо мехонанду нисбати домодам ягон чора мебинанд,- Фозилахола ашки чашмонашро бо гӯшаи рӯймолаш пок карда, ба нақл кардани тафсилоти арӯсӣ ва марги ҷигарбандаш шурӯъ намуд.

Ғам болои ғам

Ман дар бисотам ҳамагӣ 3-писару як духтар доштам. Духтаракам Раҷаббӣ, агар касал шуда мемурд ё ба ягон беморӣ гирифтор шуда, бо аҷали илоҳӣ ин дунёро падруд мегуфт, шояд ин қадар намесӯхтам, вале духтарамро маҷбуран куштанд. Ҳама мегӯянд, ки духтарат уксус хӯрда, худкушӣ кардааст, вале ман мегӯям, ки духтарамро куштанд. Ҷон ширин аст, арӯсаки 37- рӯза, агар маҷбур намешуд, магар даст ба худкушӣ зада уксус мехӯрд?! Ҳаргиз!!!

-Раҷаббӣ дӯст дошта шавҳар кард ё домодро шумою падараш ёфтед? Умуман, пеш аз шавҳар карданаш духтаратон бо чӣ кор машғул буд? Дар ягон ҷо мехонд?

-Дар ягон ҷо намехонд. Духтари хонашин ва сарпаст буд Раҷаббии мо. Ҳафт сол пеш духтари дигарам Гулнораҷон ба касалии саратон гирифтор шуда аз олам гузашт. Ман, ки ҳамон шабу рӯз ҳомиладор будам, асабоният ва ғаму дарди бисёр  ба тифли батнам таъсир карду кӯдаки маъюб таваллуд кардам. Шавҳарам Сафаров Хуршед бемории иллати гурда дорад ва ҳамагӣ 500 сомонӣ маош мегирад. Барои андаке ҳам бошад дар кашидани аробаи зиндагӣ ба шавҳари беморам кӯмак расонидан додарчаи беморашро ба Раҷаббӣ монда, ба кор баромадам. Духтарам рӯзи дароз аз паси кору бори хона ва нигоҳубини додараш овора буд, на вақти ишқбозӣ кардан дошт ва на вақти телефонбозӣ. Вай ҳатто ягон дугонаи наздик надошт, ки рози дилашро бигӯяд…

-Ин тавр бошад, ҷавонҳо ҳамдигарро чӣ тавр ёфтанд? Бо қудоятон муносибати хешу таборӣ доред?

-Хешу табор нестем, вале аз афташ худованд тақдири духтарамро ба ҳамон ҷавон навишта будааст. Мо одамони камбағал ҳастем, ҳатто як кулбаяки лоин надорем, ки сарамонро паноҳ кунем. Ин хонаро баъди марги духтарам хешу табори наздикамон аз рӯи раҳму дилсӯзӣ ба мо доданд, ки  рӯзгорамонро пеш бубарем. Пештар иҷоранишин будем…

Хостгорӣ ё говсавдо?

 Як рӯз нишаста будем, ки аз қишлоқи Эмомалии ноҳияи Восеъ ба хонаамон барои духтарам Раҷаббӣ хостгор омад. Ҳар як модар орзу мекунад, ки духтараш бо номи нек шавҳар карда, соҳиби бахту тахт шавад, ман ҳам хурсанд шуда хостгоронро бо хушӣ қабул намудам. Вақте пурсиданд, ки аз дасти духтаратон чӣ кор меояд, ман ба онҳо рӯирост гуфтам, ки духтарам сарпаст ва худотарсу намозхон аст, аз уҳдаи тамоми кору бори хона мебарояд, беҷогарду телефонбоз нест, вале як айб дорад-дар пушти арқан ва шикамаш каме доғи сафед ҳаст ва ҳоло мо ӯро табобат карда истодаем. Хостгорон дар ҷавоб гуфтанд, ки ин чиз барояшон аҳамият надорад, муҳимаш духтари бамаънӣ бошад, аз уҳдаи кору бори хона  барояд ва шавҳарашро ҳурмат кунад. Азбаски хостгорон чандон одамони бад наметофтанд, розигӣ додем. Рӯзи дигар хостгорон бе ягон кулчаю тӯша ба хонаи мо омаданд ва гӯё келинкунӣ нею гов ё гӯсфандхарӣ омада бошанд, ба дастамон 14 ҳазор сомонӣ дода гуфтанд, ки тайёриатонро бинед, фалон рӯз тӯй мешавад. Барои он ки ҳаққу ҳамсояҳо гапу калоча накунанд, аз орду оби худам кулча пухта тақсим кардам, то ҳама фаҳманд, ки мо духтарамонро ба шавҳар дода истодаем.

Домод “проблема нестай” гуфту…

Ба ҳамсояҳо кулчаи фотиҳатӯйро тақсим карда бошам ҳам, дилам ҳеҷ ором намегирифт, худ ба худ фикр мекардам, ки баъди гузаштани тӯй домод доғи бадани духтарамро дида, чӣ мегуфта бошад. Бобою бибӣ ва амакҳои духтарам дар ҳамсоягии қудоҳо зиндаги мекунанд, ба онҳо занг задаму хоҳиш кардам, ки телефонро бурда ба домод диҳанд. Домод телефонро гирифта аҳволпурсӣ кард ва сабаби занг задани маро пурсон шуд. Гуфтам, ки ин гапи телефонӣ нест, агар тавонӣ, пагоҳ ба хонаи мо биё, суҳбат мекунем.  Рӯзи дигар домодшаванда расида омад. Ба духтарам амр кардам, ки ба меҳмон кӯрпача андозад. Вақте ки духтарам кӯрпача андохта аз хона баромад, ба домод гуфтам, ки ана бо чашми худат дидӣ, фарзанди ман шал нест, чӯлоқ нест, кӯр нест, кар нест, вале як айб дорад, ки онро ба ту  нагуфта наметавонам.  Духтари ман бо ҳамин ҳусну ҷамолаш дар ду ҷойи баданаш доғҳои сафед дорад. Мо ӯро табобат карда истодаем, духтурҳо мегӯянд, ки ин аз рӯйи кирм асту шифо меёбад, вале ҳоло натиҷааш чандон аён нест. Ман намехоҳам, ки ягон рӯз доғҳои бадани духтарам боиси таънаю маломат ва гапу калочаи зиёдатӣ шаванд, биё беҳтараш пули овардаатонро гирифта рав ва ягон арӯси бе айбу бе иллат ёфта бигир. Домодшаванда хандида гуфт, ки холаҷон, шумо ташвиш накашед, доғи танаш проблема нест, ман худам баъди тӯй ӯро табобат мекунам. Се маротиба гуфтам, ки фикратро чуқур кун бачам, нашавад, ки пагоҳ духтарамро таъна занӣ, вале домодшаванда “проблема намешавад” гуфта, маро дилпур кард. Ин тавр бошад, ҳардуятон қӯшапир шавед гуфта, дуои нек додам, ки ҳардуяшон хушбахт шаванд, аммо….

 Қарз карда, ҷиҳози арӯсӣ харидам

Пас аз оне, ки бо домод гапзанон кардам, дилам пур шуду аз паси харидани ҷиҳози арӯсии духтарам шудам. Ба қудоҳо дар вақти хостгорӣ гуфта будам, ки ман шароити тӯй кардан надорам, зеро шавҳари бемор дораму писари маъюб. Қудоҳо гуфта буданд, ки ба мо чизу чорааш не, ҳурмату эҳтироми арӯс лозим аст, вале ман, ки зани рӯзгордида ҳастам, қарзу қаволаи бисёре карда, кӯрпаю болини бисёре кардам ва тамоми чизҳои лозимиро харидам, то баъди тӯй хусуру хушдоман ва хешу табори шавҳараш духтарамро таъна назананд, ки ту гадодухтари пойлуч ҳеҷ чиз наовардӣ. Азбаски нархи пахта бисёр гарон аст, аз қудоҳо кӯмак пурсидем, ки ҳади ақал як той пахта биёред, то ин ки кӯрпачаҳоро пахта кунем, вале рад карда гуфтанд, ки бе пахта овардан гиред, баъд худамон пахта мекунем. Кадом арӯс ба хонаи шавҳараш кӯрпачаи бе пахта бурдааст гуфта, мани камбағал ба болои қарзҳоям боз қарз гирифтам ва ду той пахта харида, кӯрпачаҳоро пахта кардам. Вақте ҷиҳози арӯс тайёр шуд, ба хонаи домод занг задем, ки омада чизу чораи келинатонро баред, аммо мошин нафиристоданд. Чанд бор гаштаю баргашта занг зада, базӯр дар нисфи шаб ҷиҳози духтарамро ба хонаи бахташ расондем. Афсӯс, ки одамизод пешомадашро намедонад, агар медонистам, ки ҳамагӣ 37 рӯз зиндагӣ мекунанд, на духтар медодам ва на ин қадар пули калон қарз карда, худамро ба балои бад гирифтор мекардам…

Масхарабозӣ пеш аз тӯй

Мо пешакӣ бо қудоҳо маслиҳат карда, тӯйро ба рӯзи якшанбе монда будем, вале ду рӯз пеш аз тӯй қудоҳо омада гуфтанд, ки арӯсро рӯзи шанбе мебаранд, чунки ҳофизҳои заказ кардаашон дар як маҳфили дигар банд мешудаанд. Ба хотири бахти духтарамон мо розӣ шудем ва ба ҳар як хешамон дубора занг зада, гуфтем, ки тӯй як рӯз пештар барпо мешавад. Ҳамин тавр, бо масхарабозиҳои зиёд домод рӯзи 13-уми май омада, духтарамро бо либоси сафеди арӯсӣ ба хонааш бурд. Дар хонаи қудо то бегоҳ ҳамроҳи арӯс мондаму шомгоҳон хотири шавҳару писарчаи беморам ба хонаам равон шудам, аммо як мошин ёфт нашуд, ки ман, модари арӯсро ба хонаам барад. Қудо ҳамаи меҳмонҳои аз паси арӯс янга рафтаро дар як старекс савор кард ва бо ҳамин гӯё қарзашро адо намуда, моро гусел намуд.

Моҷарои шаби аввали арӯсӣ

Саҳар ба хоҳарам занг зада гуфтам, ки ман рафта наметавонам, илтимос, ту ба хонаи ҷиянат рафта бин, ки арӯсаки мо чӣ ҳол дорад. Хоҳарам майдаю чуйдаи бисёр гирифта ба хонаи қудо меравад ва ҳоли арӯсро дида ҳайрон мемонад. Барги бед барин дир-дир ларзидан ва лабони порсингбастаи арӯсро дида, хоҳарам аҳвол мепурсад, вале духтарам лабашро газида чизе намегӯяд. Кӯрпачаи таги чодарро пур аз доғи хун дида, хоҳарам пай мебарад, ки шаби васли домоду арӯс аллакай гузаштааст ва ҳайрон мемонад, ки наход модари домод барои писар ва келинаш дар шаби аввал бистари хоб напартофта бошад. Арӯсро аз рӯзи аввал ин қадар беқадр кардани қудоҳо ба хоҳарам сахт расида бошад ҳам, барои вайрон нашудани муносибатҳои хешу таборӣ чизе намегӯяд. Ҳамин вақт домод ба хона медарояд ва ҳатто салому алейк накарда, бо ситеза ба хоҳарам мегӯяд:

-Медонӣ, ки ман киюм?!

-Медонам, ту одам ҳастӣ, моро ҳам Худо халқ кардааст. Мо ҳам одам,-бо ҳамон оҳанг ҷавоб медиҳад хоҳарам.

Ба холаи арӯс дағалӣ кардани домод сабаб доштааст, вале мо инро намедонистем. Ҳамон шаб домод “ ту духтари бокира нестӣ” гӯён,  духтарамро туҳмат карда, зери мушту лагад гирифта будааст. Духтарам, ки аз худ сад дар сад дилпур буд, бо номи Худо қасам хӯрда мегӯяд, ки дасти ягон марди номаҳрам ба домони ман нарасидааст, агар шубҳа дошта бошӣ, марҳамат маро ба назди кадом духтуре, ки мехоҳӣ, бурдан гир. Домод ба назди духтуроне, ки пеш аз тӯй онҳоро ташхис карда буданд, меравад ва аз онҳо экспертиза талаб мекунад. Духтурон ба ӯ мегӯянд, ки духтар ягон айб надошт, арӯсро беҳуда чунин туҳмати ноҳақ накун, ки ба ҷавобгарӣ кашида мешавӣ. Домоди мо, ки ба таври худ ҷавони худотарсу қуръонхон аст, гапи табибонро бовар накарда, дағалона мегӯяд, ки шумо ягон балоро намедонед, ман занамро ба шаҳр бурда, экспертиза мегузаронам.

Гунаҳкори бе гуноҳ

Муддати се ҳафта шавҳараш духтари мисли фаришта бегуноҳамро “нодухтари пес” гуфта, ҳар шаб таҳқир карда, мурданивор мезадааст, вале мо аз ин ҳама сару савдо хабар надоштем. Раҷаббӣ бисёр духтари бонангу баномус буд ва намехост, ки сақичи даҳони мардум гардад, аз ҳамин сабаб мушкилоти ба сараш омадаро ба ҳеҷ кас намегуфтааст. Хулоса, пас аз се ҳафта домод аз модараш пинҳонӣ духтарамро ба шаҳр мебарад, то духтар ё нодухтар буданашро фаҳмад. Шавҳараш отаю очата гӯй ҳамроҳи мо раванд, гуфта бошад ҳам, Раҷаббӣ моро аз ин моҷаро хабардор накарда, гуфтааст, ки ман аз худам сад фоиз боварӣ дорам, рафтем, маро ба назди кадом духтуре, ки мехоҳӣ, бар! Ҳамин тавр, ҳардуяшон танҳо ба шаҳр рафта аз ташхис мегузаранд. Табибони шаҳрӣ ягон гуноҳ надоштани духтарамро тасдиқ намуда, шавҳарашро табрик мекунанд ва мегӯянд, ки ҳамсаратон дуҳафтаина ҳомиладор аст. Домод хушхабари падар шуданашро шунида, дар назди табибон табассум мекунад, вале баъди ба хона баргаштан боз ҳамон рафтори ноҷояшро идома дода, Раҷаббиро ранҷу азоб медиҳад. Зиндагии талх доштани духтарамро аз забони дигарон фаҳмида, ба хонаи қудо рафтам, то мақсади домодро фаҳмам, вале модараш маро дилпур карда гуфт, ки писараш занашро дӯст медорад, барои ҳамин рашк мекунад, акнун, ки келин ҳомиладор шудааст, муносибаташон албатта хуб мешавад…

Занги охирин

Ҳамон бегоҳе, ки ин фоҷиа рӯй дод, вақти  рӯзакушоӣ духтарам аз телефони додаршӯяш ба мо занг зад ва хушҳолона гуфт, ки рӯзи сеюми ид падарашро талбон карданиянд ва хоҳиш кард, ки барои додаронаш либосҳои нав харем,  то ҳамсояҳо наханданд. Раҷаббӣ бо табъи болида “Очаҷон, усмаҳои бо дасти худам коштаи маро чида ба занҳои ҳамсоя диҳед ва гӯед, ки ба абрӯвонашон моланду дар ҳаққи ман дуои нек кунанд”,- гуфту хайрухуш кард. Мани сода аз куҷо медонистам, ки ин охирин суҳбати ман бо духтараки гуларӯсам аст…

Ҷигари духтарамро бо дастонам чидам

 Бегоҳ бо духтарам суҳбат кардему саҳар хабар оварданд, ки Раҷаббиро мазааш гурехтаасту ӯро ба духтурхона бурдаанд. Ҳайрон шуда, пойлуч ба сӯйи беморхона давидам, то фаҳмам, ки бо гуларӯси 38 рӯзаам чӣ шудааст, ки ӯро ба беморхона бурдаанд. Вақте ки ба назди духтарам даромадам, ҳуш аз сарам парид. Раҷаббӣ дар дами марг қарор дошт ва ҳар замон оқ мегуфту пораҳои ҷигараш аз даҳонаш ба рӯйи фарш пош мехӯрданд. Зор-зор нола карда, ҷигари духтаракамро бо пахта аз рӯйи фарш ҷамъ мекардам. Шумо ҳоли модареро тасаввур карда метавонед, ки ҷигари духтари арӯсакашро аз рӯйи фарш бо пахта ҷамъ мекунад?! Худованд ин рӯзи сиёҳро ба сари душмани кас ҳам набиёрад…

-Аз домод ва қудоятон напурсидед, ки чаро духтаратон, ки бегоҳ сип-сиҳат буд ва хандида бо шумо гап мезад, ба ин ҳол афтидааст?

-Духтурҳо ба ман гуфтанд, ки духтаратон  уксус нӯшидааст. Баъдтар фаҳмидам, ки духтараки аз бахт наосудаам аз ҷабри шавҳар чанд рӯз боз ягон чиз нахӯрда будааст ва оқибат аз таънаю маломату мушту лагад ҷонаш ба лабаш расида уксус нӯшидаасту ин заҳр узвҳои муҳими дохилиашро пора-пора кардааст. Ронандае, ки ӯро ба беморхона бурда буд, нақл кард, ки дар роҳ ба арӯсак ҷурғот додаанд, камтар ба худ омад. Хушдоманаш инро дида гуфтааст, ки арӯс ба ҳуш омад, биёед ӯро ба хона мебарем, аммо ронанда розӣ нашуда мегӯяд, ки ӯро ба беморхона бурда, дарунашро шустан лозим аст, чунки бо уксус бозӣ карда намешавад.

-Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки духтаратон аз ҷабри шавҳар даст ба худкушӣ задааст?

-Ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз маргаш бародараш ба Раҷаббӣ савол дод, ки барои чӣ ин коро кардӣ. Духтараки ормониам канда-канда гуфт, ки шавҳарам ҳамеша маро пес ва нодухтар гуфта таҳқир мекард, мезад, озор медод, ҷонам ба лабам расиду ин корро кардам. Боз пурсид, ки барои чӣ гурехта ба хонаи амакам нарафтӣ, охир онҳо дар наздикии хонаи хушдоманат зиндагӣ мекунанд. Раҷаббӣ гуфт, ки шавҳарам дарро аз дарун маҳкам карда, баъд маро мезад, ягон имконияти гурехтан надоштам. Ин лаҳзаҳоро мо дар телефон сабт кардем, агар бовар накунед, худатон бо чашми худ бинеду суханони пеш аз маргаш гуфтаи гуларӯси бегуноҳи ҷавонмарги моро шунавед….

Хушдоман модар аст мегӯянд, вале…

Вақте маро аз назди духтарам бароварданд, дидам, ки хушдоманаш дар берун нест. Қудо канӣ гуфта пурсам, гуфтанд, ки фишори хунаш баланд шуду ба хонааш рафт. Хушдоман модар аст мегӯянд, вале дилкушодии ин зан-модарро бинед, ки дидаю дониста, ки келинаш аз ҷони ширинаш безор шуда, уксус хӯрдааст ва ҳоло дар ҳуҷраи эҳёгарӣ бо марг даст ба гиребон аст, “давленим баланд шуд” гуфта, бепарвоёна ба хонааш рафтааст. Аз як тараф ба ҳоли духтарам гириста бошам, аз тарафи дигар ба беқадриаш дар назди шавҳар ва хушдоман нолидам. Дар пеши чашмат сари ягон гов ё гӯсфандро аз танаш ҷудо кунанд, ҷонкании ҳамон ҳайвонро дида, дилат месӯзад. Наход одам то ҳамин дараҷа сангдил бошад, ки ҷонкании арӯси даруни хонаашро дида, ҳатто милааш хам нахӯрд?!

 Иди ғамбор

-Вақти аз олам гузаштани духтаратон шавҳараш дар болои сараш буд?

-Набуд. Духтурҳо домодро барои овардани хун ба шаҳри Кӯлоб фиристоданд, вале ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз рафтани шавҳараш духтараки гуларӯсам ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурда,  дар дили ман ва падару бародаронаш доғи абадӣ ниҳод. Ду рӯз пеш аз иди Рамазон тобути гуларӯси ормониамро ба хона овардем ва бо қалби хунчакон Раҷаббии ғуррамаргро бо тифлаки батнаш ба хок супоридем. Дар рӯзи ид аз хонаи мардуми мусалмон садои хандаю шодӣ ба гӯш расад, аз хонаи мо танҳо овози гиря ва фиғону нолаи ҷигарсӯз ба фалак мепечид.

Аламовараш он аст, ки духтараки бегуноҳи ман дар зери хоки сард хобидасту шахсе, ки ӯро то ба марг расонд,  то ҳол дар озодӣ гаштааст. Аз ҳомиёни қонун хоҳишмандам, ки парвандаи гуларӯси нокоми моро одилона санҷида, гунаҳкорони марги духтарамро ҷазои сахт диҳанд, то ба дигарон дарси ибрат шавад ва нисбати келин ҷабру зулмро раво набинанд, чунки келин ҳам одам аст ва дил дорад…

  Падари марҳум:

Маргро аз бадномӣ авло донист

Суҳбати мо бо падари ин арӯсаки ҷавонмарг Хуршед Сафаров бисёр кӯтоҳ буд. Ин падари ранҷкашида, ки дар бистари беморӣ мехобид, оҳи сард кашида гуфт:

-Раҷаббии мо духтар бошад ҳам, мисли мардон бисёр бонангу баномус буд. Ҳамеша фикри ману очаашро мекард, ки дар байни мардум сархам нашавем. Духтари бероҳаю шаттоҳ мебуд, ба чунин рӯз намерасид. Гурехта мерафт ё ба хонаамон омада, ҳама қилиқҳои шавҳарашро мегуфту дигар пояшро ба он хонадон намемонд, вале духтари покдомони бо нангу номус, ки буд, фикр кардааст, ки агар ман ба хонаи падарам баргардам, шояд ҳамсояҳо гумони бад баранд. Барои ҳамин маргро аз бадном шудан авлотар дониста уксус нӯшид… Фоҷиае, ки ба сари мо омад, ба сари ҳар як оила омаданаш мумкин аст, барои ҳамин ман ҳамчун падари ҷабрдида ҳаволаи домодро ба дасти қонун месупорам. Умед дорам, ки ҳомиёни қонун аз рӯи адолат амал карда, гунаҳкоронро ҷазои сазовор медиҳад, то ба дигар ҷавонҳо дарси ибрат гардад ва нисбати ҳамсарашон зулму ҷабрро раво набинанд…

 Савринисо Неъматӣ

Душанбе –Восеъ-Душанбе

Р/С

Модари марҳум сабти навори суханони охирини Раҷаббии нокомро ба мо дод. Касоне, ки ин наворро дидан мехоҳанд, метавонанд онро аз сомонаи Тajikistantimes.tj пайдо намоянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *