Русия дарҳои худро барои муҳоҷирон пас аз 5 рӯз боз мекунад (видео)
Аз 1 апрел Русия ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланкаро барқарор мекунад
Русия якбора ҳаракати ҳавоӣ бо шаш кишварро аз сар мегирад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар ситоди фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавирус дар қаламрави Федератсияи Русия хабар доданд.
Маълум шуда, ки қарори барқарор кардани парвозҳоро сарвазири кишвар Михаил Мишустин тасдиқ кардааст.
Ҳамин тавр, аз 1 апрел Русия ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланкаро барқарор мекунад.
«Ситоди фаврӣ барои пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русия бо мувофиқа бо сарвазир Михаил Мишустин қарор қабул кард, ки парвозҳо бо Олмон, Венесуэла, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка аз моҳи апрел барқарор карда шавад», — изҳор доштанд намояндагони Ситоди фаврӣ.
Ҳамин тавр, ҳафтае як маротиба ҳавопаймоҳо аз Маскав ба Душанбе парвоз мекунанд. Инчунин, имкон аст, ҳавопаймоҳо дар тӯли ҳафт рӯз як маротиба аз пойтахти Русия ба Тошканд ва Коломбо парвоз кунанд.
Федератсияи Русия аллакай бо мақомоти авиатсионии Олмон дар бораи барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни Маскав ва Франкфурт мувофиқа кардааст. Ҳафтае панҷ маротиба ба шаҳри Олмон парвоз кардан мумкин аст.
Ғайр аз ин, парвозҳо ба хориҷа дубора аз Барнаул, Белгород, Волгоград, Воронеж, Калуга, Краснодар, Липецк, Налчик, Оренбург, Саратов, Сочи, Тюмень ва Южно-Сахалинск оғоз меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ба далели ҳамагирии коронавирус аз авохири моҳи марти соли гузашта, ҳамагуна парвозҳои байналмилалиро қатъ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ