Президент ба хонаи апааш меҳмон шуд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо апааш суҳбати самимие доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд ва барои шод кардани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек намуданд

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати фарзандони падар ва пайвандонаш рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти президент гузориш медиҳад.
«Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ — аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонаш омад», — менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, фарзандону наберагони хонадон президентро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо апааш суҳбати самимие доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд ва барои шод кардани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек намуданд», — афзудааст дафтари матбуоти президент.
Сафари кории Президент ба вилояти Хатлон дируз оғоз гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *