Русия имрӯз мотам дорад

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – ба хотири қурбониёни ҳавопаймои “Ту-154” 26 декабрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Ӯ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки “фардо дар Русия азои миллӣ аст”. Ҳавопаймои ҳомили 92 нафар, аз ҷумла 9 хабарнигор ва 64 узви ансамбли маъруфи Александров, баъди ҳафт дақиқаи парвоз аз Сочи дар Баҳри Сиёҳ суқут кардааст. Иллати ҳодиса маълум нест. Мақомоти Русия мегӯянд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, афроди масъул мавриди пурсиш қарор гирифтаанд. Ҳамзамон амалиёти ҷустуҷӯ идома дорад. Вазорати дифои Русия гуфт, то кунун пораҳои ҳавопаймо ва ҷомадони мусофирон дар Баҳри Сиёҳ дида шуда, вале то ҳол ҷасаде пайдо нагардидааст. Мусофирони ҳавопаймо барои муборакбодии Соли Нав ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Ҳмеймими Сурия мерафтанд. Русия аз моҳи сентябри соли 2015 боз дар минтақаҳои Сурия, бахусус Ҳалаб, амалиёти низомӣ анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *