Суғд: ҷавони тиллодузд дастгир шуд

    23.12.с.2016, ба ШВКД дар вилояти Суғд бо ариза зани 19-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, муроҷиат намудааст, шаби 22 ба 23-юми декабри соли равон, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 5475-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр дастгир карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба гуфти масъулин вақтҳои охир ҷинояти дуздӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, аз ҷумла дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ. Масалан,   13. 12. 2016 ба мақомоти милитсия зани 64-солаи сокини шаҳри Бӯстон муроҷиат намуда буд,  ки санаи 7-уми декабри соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 2800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд.

                                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *