Русия: Кӯдаки 7-солаи тоҷик ғарқ шуд

Шоми 31 июл, соати тахминан 18, як кӯдаки 7-солаи тоҷик дар як кӯли шаҳраки Строители дар наздикии шаҳри Миасси вилояти Челябински Русия ғарқ шудааст. Ин кӯдак ҳамроҳи волидонаш ба инҷо ба меҳмонӣ омада буд. Кумитаи тафтишоти вилояти Челябинск гуфт, ин кӯдаки 7-сола ҳамроҳи писари 10-солаи соҳибони хона ба сайругашт баромада, мехоҳанд дар кӯл оббозӣ кунанд, вале “кӯдак ба об даромада, ғарқ шудааст.”
Ҷасади кӯдаки тоҷикро наҷотбахшон аз зери об ёфта, берун кашидаанд. Кумитаи тафтишот ҳодисаро таҳқиқ мекунад, вале фарзияи асосӣ ҳодисаи нохуш гуфта мешавад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин кӯдак дар як ҷои барои оббозӣ мамнӯъ оббозӣ кардааст.
Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла дар натиҷаи чунин ҳодисаҳои нохуш, ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *