Тошкентбоев дар доми Муаззама

Чӣ тавр зани “аврупоӣ”  ҷавонеро гумроҳ кардан хост

 …Хусан Тошкентбоев ,сокини ноҳияи Рӯдакӣ пас аз чанд моҳи сарсонӣ оқибат аз  доми як тан аз  нафароне, ки мехоҳанд  нисбати Ватани худ дар хориҷа заҳрпошӣ кунанду туҳмат занад, озод шуда, таассуроташро аз ин “сафари нангин” ба хабарнигори “Тоҷикистон”  иброз намуд.

 -Дар Ватан чӣ кора будед ва бо Муаззама Қодирова чӣ хел шинос шудед?

-Ба ҳайси ронандаи таксии Душанбею Қубодиён кор мекардам. Рӯзе Муаззама, яъне ҳамон зане, ки маро ба Аврупо бурд, ҳамчун мусофир  ба мошинам савор шуд. Мо то Душанбе суҳбаткунон омадем. Гуфт, ки маро то хонаам расон. Бедудилагӣ вазифаи хизматиамро иҷро кардам. Ҳамин тавр мо шинос шудем. Ӯ даъват кард, ки  ронандаи шахсиаш шавам. Моҳонаамро 900 сомонӣ муқаррар карду таъмир ва таъмини қисмҳои эҳтиётиро низ ба зимма гирифт. Дар баробари ин, ҳар рӯз мошинро бо сӯзишворӣ пур мекард.

-Оғози  сафаратон ба Аврупо чӣ гуна буд?

-6 январи соли 2017 пешниҳод кард, ки ҳамроҳ ба Германия меравем. Гуфт, ки дар ин ҷо зиндагӣ кардан мушкил аст. Агар  бо  ин корат дар Германия бошӣ, 1000-1500 доллар мегирӣ . Гуфтам,ки  мошин надорам ва ҳуҷҷати ронандагиам шояд дар он ҷо ба кор наояд. Дилпурона гуфт, ки ғами ин тарафашро нахӯр, худам ҳамаашро дуруст мекунам. Мошинро худам мехарам, маро то ҷои кор бурда меорӣ, маблағи ваъдагиро медиҳам. Розӣ шудам ва рахти сафар бастем.

…Аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафтем. Аз он ҷо ба Маскав парвоз кардем. Муддати як моҳ дар Маскав зиндагӣ карда, аз он ҷо ба шаҳри Брест ва баъд  ба  Полша рафтем. Бори аввал  моро иҷозати даромадан надоданд. Танҳо дафъаи сеюм  иҷозати ба ин кишвар даромадан гирифтем. Вақте ба он ҷо омадем,  сарҳадбонон тамоми ҳуҷҷатҳои маро ба қайд гирифтанд. Шиносномаи ҳақиқиамро аз дастам гирифта, бар ивазаш як маълумотнома доданд, ки ҷои  шиносномаи муваққатиро ишғол мекардааст.

 -Шуморо кӣ пешвоз гирифт ва дар куҷо зиндагӣ кардед?

-Бад аз оне ки шиносномаамро аз дастам гирифтанд, маро ба лагер партофтанд. Муддати 15 рӯз дар лагери Полша моро нигоҳ доштанд. Аз он ҷо дар лагере, ки дар худи Полша  аст, 7 рӯз истодем. Баъд ба Германия рафтем. Қариб ду моҳ дар он ҷо истодем. Бисёр зиқ мешудам, оҳиста-оҳиста фаҳмидам, ки маро ба чӣ хотир ба ин ҷо оварданд. Ҳамчун гуреза дар ин кишвар зиндагӣ мекардам. Виҷдонам азобам медод, вале роҳи бозгашт  надоштам. Шиносномаам дар дастам набуд. Маблағ низ надоштам. Ягона дастгирам пайвандонам гаштанд. 

-Бо ин зан танҳо муносибатҳои корӣ буд ё …

-Мо муносибатҳои зану шавҳарӣ низ доштем.  Вақте дар шаҳри Москва будем, барои ба Полша рафтан никоҳ кардан ҳатмӣ буд. Чунки барои мушкилӣ эҷод нашудан дар рафти ҳуҷҷатгузорӣ дар ин кишвар  зану шавҳар будан ҳатмӣ аст. Дар баробари ин нуфузи оила боло меистад.

-Чуноне ки қайд кардед, дар Германия дар маҷлиси аъзои гурӯҳи мамнӯъшудаи ҲНИТ иштирок намудед, аниқтараш шуморо ба он ҷо бурданд. Чеҳраи кадоме аз онҳо бароятон ошно буд?

— Ягон нафар аз аъзои мамнӯъшудаи ҲНИТ- ро намешиносам. Он нафароне, ки дар ин ҷаласа иштирок доштанд, бори аввал  медидам. Ман ба онҷо рафтанӣ набудам, вале Қодирова  гуфт, ки ба як ҳуҷра даромада, дар бораи Бузургмеҳр Ёров суҳбат мекунем. Вақте ба ин ҷо  омадем,  гурӯҳи одамони зиёд ҷамъ шуда буданд, тазоҳурот барпо намуданд. Аз ҳар гӯша «митинг — митинг» — гӯён садо баланд шуд.  Худамро канор гирифтам ва дур аз ин гирдиҳамоӣ истодам. Ба Муаззама фаҳмондам, ки ман ба чунин корҳо машғул  намешавам. Ин гирдиҳамоӣ се чор соат давом кард.

-Вақте шуморо “ба маҷлиси Бузургмеҳр мебарем”,- гуфтанд, шахсан ӯро мешинохтед?

-Медонистам, ки ӯ адвокат аст. Вале аз ин бештар дар бораи ӯ маълумоте надорам.

-Пеш аз рафтанатон дар бораи гурезагӣ маълумот доштед?

-Не. Ман ба мақсади кор кардан рафта будам. Вақте ки ба  Полша гузаштем, моро ба лагерҳо  тақсим карданд, ҳамон ҷо дар бораи гурезагӣ фаҳмидам  ва дарк кардам, ки маро  ҳам гуреза карданианд. Ҳол он ки пеш аз сафарамон  Қодирова гуфта бу,д ки муддати 2 сол бе ягон мушкилӣ омада, рафта метавонӣ.

Нафароне, ки дар лагер зиндагӣ мекунанд, бо кадом мақсад рафтаанд — барои пул кор кардан ё гирифтани шаҳрвандӣ?

-Бисёр суҳбат намекардам. Охирон маротиба бо як ҷавони тоҷик ҳамсуҳбат шудам, ки зодаи шаҳри Кӯлоб буд ва ӯ ҳам гуфт , ки бо мақсади пул кор кардан ва муолиҷаи худаш он ҷо омада  будааст.

-Ҷавони кӯлобӣ низ ба роҳи фиреб ба лагер афтода буд ва дар гирдиҳамоиҳо иштирок намекард?

-Ба  гуфти худаш дар ягон гирдиҳамоӣ иштирок накардааст. Чунин ҷавони сабукфикр ҳам набуд ва мақсадаш танҳо кор кардан ва ба даст овардани маблағ буд.

-Баъд аз он ки шумо ба кишвари ваъдагии Қодирова расидед, муносибаташ чӣ гуна буд мисли пештара ё тағйир ёфта буд?

-То ба Полша расидан муносибаташ хуб буд. Вақте аз сарҳади Аврупо гузаштем, рафтораш дигар шуд. Қариб ҳар рӯз ҷанг мекардем. Медонист, ки маблағ надорам, дағалона рафтор карда, мегуфт ки ба куҷое мехоҳӣ, рафтан гир. Гуфтам, ки барои чӣ маро чунин фиреб кардӣ, маоши маро деҳ, мошини ваъдагиатро деҳ, кор кунаму ба кишвар баргардам. Ӯ мегуфт, ки кадом вақте ки шиносномаатро гирифтӣ,  баъд ба ту кор медиҳанд. Бояд интизор шавӣ…

-Барои гурезаҳо танҳо хӯрок медоданд ё маош низ медоданд?

-Дар Полша ба ҳар як гуреза дар як моҳ қариб 20 , ки баробар ба 2-3 доллар буд. Дар Германия бошад 31 евро медоданд, ки ин шахсан ба ман намерасид. 31 евро танҳо се қуттӣ сигор мешуду халос.

-Шумо бо Қодирова никоҳи расмӣ доштед?

-Бале дар Маскав никоҳ карда будем. Пеш аз Маскав рафтан низ мо муносибати зану шавҳарӣ доштем. Фикр намекардам, ки ӯ бо ман дар як болин сар мемонаду  фиребам медиҳад.

-Ҳамсари аввалаатон аз ин корҳоятон огоҳ буд?

-Не намедонист. Аз он ки дар Германия мақоми оила хеле баланд аст, ба мақсади он ки  дар муддати кӯтоҳ шаҳрвандии он ҷоро қабул намояд, маро ба никоҳаш даровард. Шояд баъд аз  баргаштани ман аз ин имтиёз бенасиб гашт.

-Пайвандони Қодироваро мешиносед?

-Албатта, рафтуомад доштам.

-Вақте шумо ба Тоҷикистон баргаштед, барои зиндагии осоиштаатон монеагӣ пайдо нашуд?

-Дар Германия зиндагӣ мекардаму  дилам баргаштан ба Ватан мехост. Пеши худ мақсад гузоштам, ки ҳар чӣ аз сарам гузашт, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ нақл мекунам. Агар ҷинояте карда бошам, бигузор тибқи қонун ҷазо диҳанд. Аз он ки дар ягон гирдиҳамоӣ иштирок накарда будам, дилам аз худам пур буд. Аз ин рӯ,  парванда накушоданд.

— Чӣ гуна ба шумо муяссар гашт, ки ба Тоҷикистон баргардед?

— Худам дар Германия, шиносномаам  дар Полша буд. Муаззама Қодирова гуфт, ки вақте ту ба Полша меравӣ, туро ба лагери маҳкам мепартоянд. Чунки ту ҳамчун гуреза ба Германия омадаӣ, муддати 6 моҳ ҳабс мекунанд. Як ноумедӣ дар дилам пайдо шуд, вале бо вуҷуди ин,  намехостам аз раъйям гардам. Аз одамони зиёд пурсидам, ки агар инсон хоҳад ба воситаи  убур кардани сарҳад кишварро тарк кунад,  сарҳадро гузашта метавонад? Метавонад, лекин  хеле хатарнок аст. Бигзор маҳкам кунанд, лекин баъд аз шаш моҳ ба Ватанам бар мегардам. Бо ин мақсад аз Германия то Полша бо қатора  омадаму рост ба назди сарҳадбонон рафта,  гуфтам ки ба Ватан бармегардам. Онҳо сабаби баргаштанамро пурсиданд. Гуфтам, ки  маро бо роҳи фиреб ба ин кишвар оварданд ва ман дар ин ҷо зиндагӣ кардан намехоҳам. Бар замми ин модарам дар Тоҷикистон бемор аст, бояд ба наздаш баргардам. Онҳо шиносномаамро ба дастам доданду аз Полша ба Маскав парвоз кардам.

-Кӣ шуморо барои баргаштан ба Ватан дастгирӣ кард?

-Вақте фаҳмидам, ки ҷои омадаам хуб нест, ба модараму акаам гуфтам, ки ман гуреза шуда, зиндагӣ мекунам. Ба ман пул равон кунед. То акаам маблағи лозимиро пайдо намуд, ки мо аз Москва хеле дур шудем. Ҳамин тариқ муддати се моҳ дар он ҷо мондем.

-Ба ғайр аз тоҷикон боз кадом миллату қавмҳои дигар  ҳамроҳи шумо дар лагерҳо зиндагӣ мекарданд?

 -Дар Германия ҳамроҳи ман се оилаи тоҷик буд, ки ҳамагӣ 10-15 нафарро ташкил медод. Ба ғайр аз ин афғонҳо, эрониҳо  ва сиёҳпӯстон зиёд буданд. Мақсади онҳо низ барои кор кардану ба даст овардани пул буд.

-Ҷавонони хушбовар мисли шумо кам нестанд ва дар хориҷа онҳоро гурӯҳҳои террористӣ  фурӯ мебаранд. Оё гуфтание ба онҳо доред?

-Бисёр мехостам ки ҷавонон боэҳтиёт бошанд. Ба суханҳои нафароне ки онҳоро бо маоши хуб ваъда медиҳанд, бовар накунанд. Ҳар кас ба фикру андешаи худаш кор кунад. Ман фиребхӯрдаам ва намехоҳам, ки дигар ҷавонон мисли ман сарсону саргардон шаванд. Ин хатое, ки кардам, ба дигарон дарси ибрат шавад ва ба зани «аврупоиям» гуфтаниам, ки ба лаънати Худо гирифтор шавад

Суҳбатнигор  Маҳинаи Давлат

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *