Русия воридоти меваю сабзавотро аз ду кишвар манъ кард. Тоҷикистон дар байни онҳо ҳаст?
Роспотребнадзор дар бораи ошкор шудани қонуншикании такрории бехатарӣ дар маҳсулоти меваю сабзавоти Туркия ва Эрон хабар додааст.
Дар ин бора сомонаи расмии департамент хабар додааст. Оҷонсӣ воридоти меваю сабзавоти хатарнок аз Туркия ва Эронро аз 33 тавлидкунандаи лимон, мандарин, қаламфур, ангур ва анор мутаваққиф кард. Илова бар ин, аз 17 ноябр акнун воридоти қаламфури туркӣ ва анор, аз 2 декабр қаламфури тавлиди эронӣ ва аз 10 декабр ангури туркӣ манъ шудааст. Дар натиҷа воридоти ҳудуди 60 ҳазор тонна ангур ва беш аз 10 ҳазор тонна анор аз Туркия ба қаламрави Русия мамнӯъ шудааст.Ин шояд ба воридоти бештари маҳсулот аз Тоҷикистон мусоидат намояд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ