Хатлон: 4271 қонуншиканӣ дар самти замин ошкор шуд

Дар вилояти Хатлон давоми 11 моҳи соли равон кам не, 4 ҳазору 271 қонуншикании вобаста ба замин ошкор карда шудааст. Масъулин барои ин қонуншиканиҳо нисбати 3 ҳазору 720 нафар парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд.

Далер Турамуродзода — муовини раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон гуфт, ки аз ҳама зиёд қонуншиканӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон (978 гектар), Кӯшониён (117 гектар), Левакант (404 гектар), Абдураҳмони Ҷомӣ (1140 гектар), Ҷайҳун (102 гектар), Ҷалолиддини Балхӣ (93 гектар) ва ноҳияи Панҷ (323 гектар) сабт шудааст.

Ӯ мегӯяд, ки дар 639 ҳолат аз тарафи сокинон бештар аз 136 гектар замин худсарона ғасб шудааст, ки 91 гектари он заминҳои кишоварзӣ ва боқимонда заминҳои ғайрикишоварзӣ мебошад. “Ҷаримаи умумии қонуншикании замин зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Вале то имрӯз андаке бештар аз 1 миллиону 508 ҳазор сомонии он ба суратҳисоби намояндагии мо дар шаҳру ноҳияҳо ворид шудаасту халос. Аз тарафи мутахассисони мо вобаста ба қонуншикании замин 290 ҳолат ба прокуратура ва 338 ҳолат ба суд пешниҳод шудааст, ки дар натиҷа зиёда аз 67 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд”,- гуфт ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *