Русия: Занозанӣ бо қафқозиҳо ва боздошти 150 муҳоҷир

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шоми 22 май дар пайи занозании байни таксиронҳои назди маркази муҳоҷирони Сахарово ва як гуруҳи доғистониҳо, ки аз таксиронҳо «ҳақ” («доля”) талаб доштанд, нирӯҳои ОМОН ба ин шаҳраки воқеъ дар канори Маскав омада, ба ҷои доғистониҳое, ки занозанӣ карданд, 150 муҳоҷири аз Маркази муҳоҷирон беруншударо дастгир карданд.

Марина Павлова, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз гуруҳи «Права мигранта” хабар дод, ки шоми 22 май нирӯҳои ОМОН дар даромадгоҳи Маркази муҳоҷирон дар шаҳраки Сахарово дар канори шаҳри Маскав дастикам 150 муҳоҷиррро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзи 22 май як гуруҳи зодагони Қафқоз, асосан доғистониро бо талаби «ҳақ” («доля”) ба сари муҳоҷироне, ки дар назди Маркази Сахарово таксиронӣ мекунанд, фурӯ рехта, дар шаҳраки Вороновское бо онҳо занозанӣ кардаанд.

Онҳое ки занозанӣ карданд, баробари расидани нирӯҳои ОМОН ба мошинҳои худ нишаста, аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Аммо нирӯҳои ОМОН барои онки омаданашон беҳуда наравад, ба ҷои онҳое, ки занозанӣ карданд, даҳҳо муҳоҷири аз асли воқеа бехабарро дар се автобус бор кардаанд.

Валентина Чупик, роҳбари гуруҳи «Мы-мигранты” дар ин гуруҳи Фейсбук навишт: «Дар назди Маркази Сахарово доғистониҳои шуҷоъ барои «ҷойҳои равғанӣ”-и таксиронӣ занозанӣ карданд. Ва нирӯҳои боз ҳам шуҷоътари ОМОН, ба назари шумо, киро дастгир карданд? Албатта, муҳоҷиронеро, ки аз Маркази Сахарово берун мешуданд. Дар ҳар кадом аз се автобус 52-53-нафариро бор карда, бидуни ягон ташреҳ ба РВКД ТиНАО (ҳавзаи маъмурии Троитск ва Новая Москва) бурданд. Азбаски 150 муҳоҷир дар инҷо ҷой намешуд, 35 нафари онҳоро ба ШВКД шаҳри Троитсия ва ҳудуди 50 нафари дигарро ба ШВКД Красноселское бурданд. Муддати зиёд онҳоро дар автобус нигоҳ доштанд, сипас алоқа гум шуд – зоҳиран аз дасти бачаҳо телефонҳояшонро кашида гирифтанд.”

Валентина Чупик боздошти даҳҳо муҳоҷир дар маркази Сахароворо «ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум карданд дар заминаи адовати миллӣ” ва «кӯшиши кушодани парвандашои сохта нисбат ба муҳоҷирони хориҷии бегуноҳ” унвон кардааст.

ПРОШУ ПОМОЩИ!
Дорогие мигранты, опять ЧП! Сегодня возле ММЦ Сахарово подрались за «хлебные места» доблестные дагестанкие таксисты, а кого, как Вы думаете, задержали за эту драку не менее доблестные ОМОНовцы? Правильно, нас, мигрантов, выходящих из ММЦ Сахарово. Набили без каких-либо объясений 3 полных автобуса по 52-53 человека и отвезли в УВД ТиНАО, но там полтораста мигрантов просто не вместились, и 35 из них отправили в ОМВД г. Троицк, ещё около 50 — в ОМВД Красносельское.Долго держали в автобусах, а потом связь с ребятами оборвалась — видимо, телефоны отняли.
А я как назло в Бишкеке почти со всеми сотрудниками! Героическая#ПавловаМарина в одиночку сражается с полицией и прокураурой ТиНАО за 150 мигрантов. В УВД ТиНАО пожаловалась, прокуратуру, в ОНК еле дозвонилась, Бабушкину. Конечно, я привезу ей с Бишкека какой-нибудь сувенир, но помогите Марине помчь наши людям, пожалуйста!
Прошу звонить в УВД ТиНАО 84958501320, ОМВД Красносельское 84958508122, ОМВД г. Троицк 84958510002 и ПОДАВАТЬ СООБЩЕНИЯ О ПРЕСТУПЛЕНИЯХ — незаконом лишении свободы по мотивам национальной ненависти покушние н фабриацию уголовныхдел в отношении невиновных иностранных граждан. Не забудьте потребовать номер КУСП, пожалуйста

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *