Рустам Ашӯров дар Молдова дафн мешавад
Мақомоти расмии Молдоваю Тоҷикистон дар хусуси дар куҷо дафн кардани Рустам Ашӯров, ки 30-юми июн дар фурудгоҳи Кишинёв ду нафарро парронда, худ бо хӯрдани 10 тир сахт захмӣ шуда буд, музокира доранд.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, то ҳол хешу табори ҷинояткор барои гирифтани ҷасад ба ягон мақомоти дахлдор дархост нафиристодаанд.
Эмил Гайтур, сухангӯи Прокуратураи генералии Молдова мегӯяд, ки арзиши интиқоли ҷасад аз Молдова ба Тоҷикистон эҳтимол ба даҳҳо ҳазор евро мерасад. Агар хешовандон ҳозир нашаванд, ин мардро дар ҳамин ҷо, дар қабристони Санкт-Лазари пойтахт, дар бахши одамони ҳуввияташон номаълум ба хок месупоранд.
Бино ба даъвои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Рустам Ашӯров дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” гумонбар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ