Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Носири Хусрав автобуси ройгон медиҳад
Барои аз деҳаҳои атрофи маркази ноҳияи Носири Хусрав бурда ба мактаб расонидани хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 26-и ин ноҳия масъулин аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ автобус дархост кардаанд. Ин дархост дастгирӣ ёфта ва умед аст, ки дар наздиктарин фурсат амалӣ мешавад.
Маҳмадаюб Шарифзода, раиси ноҳияи Носири Хусрав имрӯз, 2-юми августи соли 2022 дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки муассисаи таълимии рақами 26 дуртар аз деҳаҳои атрофи маркази ноҳия ҷойгир буда, рафтуомади хонандагону омӯзгорон мушкил аст, ягон чора меандешанд, посух гуфт: “Мо ба унвонии муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе мактуб ирсол кардем ва хушбахтона он дастгирӣ ёфтааст. То моҳи сентябри имсол масъала ҳал мешавад”. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “нақша дорем ба Чилучорчашма, яке аз маъруфтарин маконҳои таърихӣ дар минтақа хатсайр кушоем”.
— Мо бо мактуб ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе муроҷиат кардем. Дастгирӣ ёфтааст. Ба мо хабар расид, ки аллакай ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҷо ба ҷо шудаанд ва автобусро рафта овардан даркор. Мо нақша доштем, ки аз деҳаи Муродтеппа то Чилучорчашма як хатсайр ташкил кунем, то мардум дар фасли зимистону гармо мушкил надошта бошанд. То сентябр ин масъала ҳал мешавад,- афзуд ӯ.
Муассисаи таълимии рақами 26 каме бештар аз 400 хонандаву омӯзгор дорад ва толибилмон аз се деҳаи атрофи маркази ноҳияи Носири Хусрав ба ин муассиса меоянд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ