Шаҳритус: Сабаби худкушии корманди Кумитаи замин оилавӣ будааст

Ҳанӯз моҳи марти соли 2022 як корманди Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус даст ба худкушӣ зада буд. Ӯро дар хонаи иҷорааш овехта пайдо карда буданд. Аз ӯ Фирӯз Ҳурматов ном бурда шуд.

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус имрӯз, 2-юми август дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки “вобаста ба ин масъала ба прокуратура муроҷиат мекардед, хубтар буд. Онҳо сабабашро аниқу дақиқ пешниҳод мекарданд. Ахбороте, ки мо дорем, дар ҳақиқат аз сабаби оилавӣ ҳастанд».

Фирӯз Ҳурматов ба ҳайси муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус фаъолият мекард. Ӯ аз пайвандони Фатҳулло Ҳурматзода, собиқ раиси шаҳри Норак ва раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон буд. Аз вай чор фарзанд ятим мондааст.

Ҳамчунин, дар моҳи феврали соли 2022 Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус низ даст ба худкушӣ зада буд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *