Рустами Эмомалӣ ба хонандагони болаёқат стипендия медиҳад

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд кардани хонандагону донишҷӯёни аълонхон ва боистеъдоди пойтахт барои толибилмони мактабҳои миёна ва омӯзишгоҳҳо барои дарёфти стипендияи раиси шаҳри Душанбе озмуни такрорӣ эълон мекунад. Маблағи стипендия моҳона 250 сомонӣ муқаррар шудааст.

Эълон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон – хонандагону донишҷўёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмуни такрориро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе эълон менамояд.

Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанберо доранд ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
— қарори шӯрои омӯзгорӣ ва ё шӯрои илмии муассисаи таълимӣ оид ба пешбарӣ барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо замимаи тавсифнома бо имзои роҳбари синф ва директори муассисаи таълимӣ;
— табели пешрафт ва ё нусхаи дафтарчаи имтиҳонӣ бо дарҷи баҳоҳои як соли охир гирифтаи хонанда ва донишҷӯ;
— пешниҳоди бастаи диплому сертификатҳо оид ба ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ифтихорнома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои иштироки фаъолона дар озмуну чорабиниҳои ҷамъиятии шаҳр ва ҷумҳурӣ;
— нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;

Довталабон ҳуҷҷатҳои мазкурро бо иловаи 3 расми андозааш 3х4 ва ариза ба номи раиси Комиссияи озмунӣ бояд то 11 ноябри соли ҷорӣ пешниҳод намоянд.
Пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зикргардида озмуни санҷиши дониши довталабон аз фанҳои таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 2217283, 901905919, 934603031.

Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ моҳи июн ба муносибати Соли ҷавонон қарори вижаеро бо номи «Дар бораи таъсис додани стипендияиРаиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе” содир карда буд

Дар ин қарор аз ҷумла гуфта мешавад: «Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 (дусад) нафар ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш таъсис дода шавад.

Дар Низомномаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе гуфта мешавад, ки ин стипендияҳо «дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», бо мақсади дастгирӣ ваҳавасманд намудани ҷавононе, ки рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, таъсис дода шудааст.

Довталабон аз мактабҳои миёна ва омӯзишҳои касбӣ барои дарёфти стипендияҳои раиси шаҳр бояд ба ин талабот ҷавоб бидиҳанд:

— рафтори намунавӣ ва эҳтироми хоса дар байниҳамсинфон ваҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари гуруҳ ва директори муассисаи таълимӣ);

— аъзои фаъоли созмонҳои хонандагӣ, ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бошанд;

— бо баҳои хубу аъло, ки мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ бояд тасдиқ шуда бошад;

— дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он фаъолона ширкат намояд;

— барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошад, зеро миёни барандаи стипендия ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон дар шаҳри Душанбе шартномаи алоқаманд ба имзо расонида мешавад.

Барандагони стипендияҳо бояд аз тариқи озмун дар асоси қарори комиссия (суратмаҷлис оид ба интихоби барандаи стипендия) ва тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муайян карда шаванд. Аммо агар барандаи стипендияи раиси Душанбе интизоми мактабиро вайрон кунад ваё баҳои ғайриқаноатбахш бигирад, ӯро аз ин имтиёз маҳрум хоҳанд кард.

Дар даврони Шӯравӣ дар мактабҳои олӣ барои ҳавасманд кардани донишҷӯён як силсила стипендияҳои вижа вуҷуд дошт. Аз ҷумла ба онҳое ки бо баҳои аъло таҳсил мекарданд, стипендияи назар ба бақияя 50 дарсад бештар дода мешуд. Онҳое ки дар баробари таҳсил бо баҳои аъло рафтори намунавӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолият нишон медоданд, метавонистанд ба стипендияи ленинӣ сазовор шаванд, ки 130 сӯм буд. Стипендияи миёна дар он замон 40 сӯмро ташкил медод.

Рустами Эмомалии 29-сола – писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли равон раиси ҳукумати шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *