СҶТ: Пандемияи COVID-19 ба наздикӣ анҷом меёбад
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус дар як нишаст изҳор доштааст, ки пандемияи COVID-19 дар арафаи анҷомёбист.
Тавре ӯ қайд кардааст, “ҳафтаи гузашта шумораи фавтидагон аз коронавирус аз ҳама пасттарин аз моҳи марти соли 2020 буд. Мо ҳеҷ гоҳ дар ҳолати беҳтаре набудем, ки пандемияро хотима диҳем. Ҳадаф ҳанӯз ба даст наомадааст, аммо анҷоми пандемия наздик аст».
Раҳбари СҶТ аз кишварҳо даъват кардааст, ки барои эмгузаронии садфоизаи гуруҳҳои аз ҳама хатарнок сармоягузорӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз оғози давраи такрории ваксинагирӣ бар зидди коронавирус миёни афроди аз 60-сола боло хабар дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ