Сӯхтор дар Бохтар: Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо ду писараш ҳалок шуданд (аудио)

Дар сӯхтори як хона дар шаҳри Бохтар се нафар ҷон бохтаанд. Нафарони ҳалокшуда шаҳварндони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, мутаассифона, ду нафари онҳо ноболиғ мебошанд.

Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки сӯхтор ҳанӯз 27-уми марти соли равон рух дода буд. Мутаассифона, дар ҳодисаи нохуш се нафар, ду кӯдаки ноболиғ ва падари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Онҳо шаҳвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, дар шаҳри Бохтар дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардаанд.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки аввал кӯдакон ва баъдан падари онҳо ба ҳолокат расидааст. Хонаи иҷораи онҳо дар маҳаллаи Баҳори шаҳри Бохтар ҷойгир буд.

Бегиҷонзода Валиҷон, сардори қисми оташнишонии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки дар сӯхтор се шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷон бохтанд. Ӯ сабаби сӯхторро беназорат гузоштани кӯдакон мегӯяд. “Падари хонадон кӯдаконро дар хона танҳо монда, ба бозор барои харид меравад. Дар набудани ӯ сӯхтор сар мезанад. Ҳамсояҳо дарро мешикананд, вале дохили хона шуда наметавонанд. Баъд моро даъват карданд. Мутаассифона, кӯдакон аллакай ҷон дода буданд. Падари онҳо низ баробари расидан ба дохили хона ворид шуда, мехоҳад кӯдаконро ба берун барорад, аммо аз дуд ва алангаи зиёди оташ ба ҳалокат мерасад”.

Нафари дар сӯхтор ҳалокшуда Достон Нормуминов, сокини ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон будааст.

Бегиҷонзода Валиҷон гуфт, ки гунаҳкори сар задани сӯхтор марҳум Достон Нормуминов мебошад.

“Ӯ (падари кӯдакон) дари кӯдаконро маҳкам намекард, ба эҳтимоли зиёд кӯдакон зинда мемонданд. Вале аввал дари кӯдаконро қулф мекунад ва баъд ба бозор меравад. Аллакай ҷасади сӯхташудаи падар ва ду кӯдакро барои дафн ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурдаанд”,- мегӯяд Бегиҷонзода Валиҷон.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *