Натиҷаҳои Чемпионати Осиё дар Тоҷикистон

Аз 25 то 30-юми март дар шаҳри Душанбе Чемпионати варзиши дучархаронии Осиё дар шоҳроҳ баргузор шуд, ки дар он 428 намоянда аз 27 кишвари қора иштирок карданд. Чемпионат миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор шуд.

Дар рўзи аввал сабқатҳои даставӣ миёни мардҳо ва бонувон, инчунин қувваозмоиҳои варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор шуд. Миёни мардҳо дар 24 км намояндаи Қазоқистон, дар ҳамин масофа байни занҳо намояндаи Ўзбекистон аввалин шуданд.

Дар мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд варзишгарони Ўзбекистон, Тайланд, АМА, Ҳиндустон ва Эрон дар категорияҳои гуногун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Дар рўзи дуюм сабқатҳои инфиродӣ миёни ҷавондухтарон дар масофаи 15 км, ҷавонписарон ва ҷавонписарони то 23-сола дар масофаи 24 км доир гардиданд. Дар сабқати духтарон варзишгари Ӯзбекистон Анна Кускова ғалаба кард. Миёни ҷавононписарон Алексей Ваганов аз Қазоқистон ва миёни ҷавонписарони то 23-сола Аҳмад Мадан аз Баҳрайн ғолиб омаданд.

Дар рўзи сеюм сабқатҳои инфиродӣ миёни мардон, бонувон ва бонувони то 23-сола дар масофаи 24 км сурат гирифтанд. Миёни бонувон ва мардҳо варзишгарони Қазоқистон Рината Султонова ва Евгений Федоров ғалаба карданд. Миёни бонувони то 23-сола намояндаи Ӯзбекистон Янина Кускова пирўз шуд.

Дар рўзи чорум бонувони ҷавон дар масофаи 61 км, бонувони то 23-сола дар масофаи 111 км ва ҷавонписарон дар масофаи 130 км сабқат карданд. Миёни бонувони ҷавон ва ҷавонписарон варзишгарони Ўзбекистон София Каримова ва Самандар Султонов ғалаба карданд. Миёни ҷавонони то 23-сола намояндаи Қазоқистон Глеб Бруссенский пирўз шуд.

Дар байни варзишгарони Тоҷикистон натиҷаи беҳтарро Наҷибулло Рустамов нишон дод. Ў масофаи 111 километрро бо натиҷаи 3:21:06 тай карда, миёни 32 нафар ҷои 10-умро ишғол кард. Манучеҳр Юнусов бо натиҷаи 3:21:06 миёни 32 нафар 16-ум шуда ба марра расид.

Дар рўзи панҷум сабқатҳои 111-километрии инфиродӣ миёни бонувон ва бонувони 23-сола, байни мардон дар масофаи 175 км доир шуданд. Байни бонувон дар 111 км Нгуен Ти Тат (Ветнам) ва байни бонувони 23-сола Акпелил Оссим (Қазоқистон) аввалин шуданд. Миёни мардон варзишгари қазоқ Игор Чжан пирўз шуд, варзишгарони Ҷопону Муғулистон дуюму сеюм шуданд.

Чемпионати 30-юми март бо мусобиқаи инфиродии умумӣ миёни дўстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 111 км ба охир расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *