Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун

Шаби гузашта бозори марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оташ гирифтааст. Ҳанӯз сабаби сӯхтор маълум нест.

Як манбаъ аз ноҳияи Ҷайҳун ба Pressa.tj гуфт, ки “Бозори марказӣ калон аст. Шаби гузашта сӯхтор сар задааст. Барои мо сабаби сар задани сӯхтор маълум нест. Вале масоҳати оташгирифтаи бозор кам нест. Ҳоло масъулин дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва сабабу зарари сӯхтор аниқ мешавад”.

Чанд нафар аз корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳам аз сӯхтори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун хабар додаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар оташсӯзии бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун осебдидагон ҳам ҳастанд.

Тафсилоти бештарро хабарнигори Pressa.tj дар вилояти Хатлон пайгирӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *