Сӯхтор дар Душанбе як марди 28-соларо ҳалок кард (аудио)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз як ҳодисаи сӯхтор ва ҳалокати як нафар дар натиҷаи он хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ин сӯхтор рӯзи гузашта, 5-уми сентябр тахминан соати 08:58 дақиқа рух додааст. Ҳуҷраи 19 воқеъ дар ошёнаи 8-уми бинои нуҳошёна дар кӯчаи ба номи Шоҳтемур-21 оташ гирифтааст.

— Барои хомӯш намудани сӯхтор Хадамоти оташнишонӣ якҷо бо наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 09:20 дақиқа  сӯхтор пурра хомӯш карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар сӯхтор як марди 28-сола аз ҷумлаи бошандагони ҳамин хона ба ҳалокат расидааст.

Сабаби сӯхтор аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *