Роҳи Душанбе – Чаноқ боз шуд

Роҳи Душанбе – Чаноқ, ки субҳи имрӯз, 6 сентябр то нимарӯз баста буд, боз шудааст. Дар ин бора аз Ширкати «IRS» ба Pressa.tj хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар километри 46 — уми роҳи Душанбе — Чаноқ, бинобар аз кор баромадани тормоз (низоми боздорандаи ҳаракат) автомобили барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шудааст.

Баъд аз кор баромадани тормоз, автомобили мазкур бидуни тормоз қариб ду километрро тай карда, сипас ба дарё сарозер мешавад.

Дар ин фосила ронанда худро аз мошин берун партофта, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхона интиқол меёбад. Баъд аз рух додани таркиш, ки то ҳол мақомоти дахлдор шарҳу тавзеҳ надодаанд, ду мусофири ду автомобили сабукрав дар маҳалли ҳодиса аз алангаи оташи автомобили таркида ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин, як нафар зан зери автобуси самти Душанбе — Панҷакент монда, ҷон додааст. Чор нафари дигар, ки осеби ҷисмонӣ бардоштаанд, ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Ширкат овозаҳо дар мавриди он ки автомобили зикршуда бо автобус бархӯрдааст, беасос медонад. Нақлиёти мусофиркаш ба дохили ҷуйбори канори роҳ афтода, мусофирони он, аз ҷумла 17 шаҳрванди хориҷӣ сиҳату саломатанд.

https://pressa.tj/tarkishi-moshini-gaz-dar-roҳi-dushanbe-chanoқ-roҳ-basta-ast/

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *