Сӯхторхомӯшкунандагонро дар Данғара тарбия мекунанд

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, омӯзишгоҳи нави оташнишонӣ таъсис хоҳад ёфт.

Дар  қарори ҳукумати Тоҷикистон аз аввали моҳи март ба Вазорати маорифу умури дохилӣ ва Кумитаи сармоягузорӣ дастур шудааст, ки ҳарчи зудтар масъалаи ташкили ин муассисаи нави таълимиро ҳал кунанд. Дар қарор бо имзои Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 барои таҳсил дар ин омӯзишгоҳ довталабонро қабул мекунанд. Мақомоти Вазорати маориф ва Вазорати корҳои дохилӣ муваззаф шудаанд, ки дар ин замина низ “чораҳои таъхирнопазир” биандешанд. Ноҳияи Данғара соли 2016 соҳиби Донишгоҳи давлатӣ ва пас аз чанде соҳиби Донишгоҳи давлатии тиббӣ шуд. Он замон дар фармони махсуси Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуда буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба хотири рафъи норасоии пизишкон дар вилояти Хатлон таъсис дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *