Фарзон барои  қаҳрамонӣ аз Русия медал гирифт

 

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар шаҳри Кемерово 4 нафареро, ки ҳангоми сӯхтори пурқурбонӣ дар маркази савдои «Зимняя вишня” ҳаёти худро ба хатар гузошта, мардумро наҷот доданд, бо медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонид.

Яке аз онҳое, ки сазовори медал шуд, муҳоҷири тоҷик Фарзон Салимов буд. Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин рӯзи 31 март зимни сафараш ба шаҳри Кемерово бо афроде, ки рӯзи 25 март ҳангоми сӯхтори пурқурбонӣ дар маркази савдои «Зимняя вишня” дар ҳолати фавқулодда худро гум накарда ва ҳаёти худро ба хатар гузошта, даҳҳо нафарро аз чанги сӯхтор наҷот доданд, мулоқоти алоҳидае барпо кард. Дар он сӯхтор, бино ба омори расмӣ, 64 нафар, аз ҷумла 41 кӯдак ҷон бохтанд. Вале агар қаҳрамонии нафарони алоҳида намешуд, шумори қурбониён метавонист ба маротиб биафзояд.

Александр Бастрикин аз номи ҳукумати Русия 4 нафар аз ин наҷотдиҳандагони ҷони мардумро бо медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонид. Яке аз онҳо ҷавони тоҷики зодаи Душанбе Фарзон Салимов буд. Дар қатори ӯ ҳамчунин Александр Калачёв, Кристина Никитина, Дмитрий Полухин низ сазовори медал шуданд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар мавриди Фарзон Салимов навиштааст: «Корманди мағозаи фурӯши пойафзол Фарзон Салимов ягон зарра дар бораи амнияти худаш фикр накарда, ба кумак ба мардум машғул шуд ва онҳоро аз бинои оташгирифта баровард.”

Худи Фарзон мегӯяд, ки ягон зарра дар хайёлаш фикри қаҳрамону машҳур шудан набуд, балки дар рӯзи сӯхтор қарзи инсониашро иҷро кардааст. Фарзон Салимов аз он изҳори ҳайрат кард, ки онҳо – 5 бачаи тоҷик – якҷоя ба наҷоти мардум машғул буданд, вале аз ин байн танҳо ӯро даъват карда ва бо медал сарфароз гардонданд.

Александр Бастрикин гуфт, медалҳое ки ба ин 4 нафар супурда мешаванд, медалҳои ҷангӣ буда, ба онҳое дода мешаванд, ки мардонагии воқеӣ нишон додаанд. Ӯ бо изҳори сипос ба наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ гуфт, «мо бисёр вақт одамонеро вомехӯрем, ки бо хости дил нисбат ба онҳое, ки бояд бо хости вазифаашон чунин корро анҷом диҳанд, кори бештар анҷом медиҳанд.”Бастрикин ваъда дод, ки афроди гунаҳкор дар марги даҳҳо нафар дар «Зимняя вишня”-ро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ мекашанд ва адолат тантана хоҳад кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *