Сӯхтори кӯчаи Айнӣ манзилро пурра ба ком кашид
Дирӯз, тақрибан соатҳои 9-и рӯз дар маркази шаҳри Ҳисор, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ як манзили истиқоматӣ пурра сӯхтааст.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, сӯхтор дар як муддати кӯтоҳ тамоми атрофи мазилро фаро гирифта, пурра ҷиҳоз ва лавзимоти зарурии рӯзгорро фурӯ бурдааст.
Кормандони сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса омада, оташро хомӯш кардаанд ва сабаби онро ба расиши ноқилҳои барқӣ вобаста донистаанд. Аммо соҳибони манзил ба ин бовар надоранд ва инро амали қасдан анҷомдода медонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ