С.Сафаров: Муттаҳидшавии мухолифон дар хориҷа ба мо хатар эҷод мекунад

Сайфулло Сафаров муовини авали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки муттаҳид шудани нерӯҳои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат дар шароити имрӯз хатарзост. Ин нуктаро профессор  Сафаров имрӯз дар нишасти матбуотии МТС ироа кард.

Сайфулло Сафаров дар робита ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди гузаронидани аввалин ҳамоиши муштараки нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ дар Олмон чунин ибрози назар кард:

«Дар воқеъ то имрӯз ман чунин ақида доштам, ки нерӯҳои мухолифин ки дар хориҷа ҳастанд барои мо хатарзо буда наметавонанд ва ҷойи холӣ дар сиёсати мо мебошанд, зеро онҳо заминаи иҷтимоӣ дар дохили кишвар надоранд. Аммо ҳодисаҳои охир нишон дод, ки онҳо дар хориҷи мамлакат муттаҳид мешаванд. Ва имрӯз фикр мекунам, ки муттаҳид шудани онҳо ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунад»

Ёдовар мешавем, ки санаи 9-уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоиши мухолифини тоҷик бахшида ба 20 солагии имзои созишномаи сулҳ баргузор шуд. Дар он раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, намояндагони “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *