Филми » Дӯстии санҷидашудаи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон» ва даъвояш барои обанбор

Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон дар сомонаи расмии худ филми мустанади «Ӯзбекистону Тоҷикистон: дӯстие, ки аз имтиҳони вақт гузаштааст»-ро нашр кард. Ин филмро телевизиони давлатии «O‘zbekiston» таҳия намудааст.
«Муносибатҳои мардуми тоҷику ӯзбек воқеияти наве нест, ки дирӯз ё имрӯз ба миён омада бошад. Онҳо давоми қарнҳо миёни худ муносибатҳои маънавӣ, мазҳабӣ ва фарҳангиро таҷриба кардаанд», — бо ин суханҳо филми мазкур оғоз мешавад, ки ба робитаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии ду кишвар бахшида шудааст.

Муаллифони филм ҳамчунин сухани президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро овардаанд, ки гуфта буд, «тоҷикону ӯзбекҳо як мардуманд, ки бо ду забон ҳарф мезананд». Дар бораи решаҳои таърихию фарҳангӣ ва маънавии мардуми ду кишвар коршиносони филм низ изҳори назар кардаанд.

Ба гуфтаи сафири ВКХ Ӯзбекистон оид ба супоришҳои махсус Илҳомҷон Неъматов, «вақтҳои ахир дар муносибатҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон дигаргуниҳои амиқе сурат мегирад. Мулоқоти президентҳои ду кишвар дар шаҳри Самарқанд, суҳбати телефонии ахир, вохӯрияшон дар шаҳри Риёз ва суҳбати гарми онҳо ба рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи Тошканду Душанбе такони ҷиддие бахшид».

Вале дар ин филм ҳамчунин даъвои ҷониби Ӯзбекистон роҷеъ ба обанбори Фарҳод, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст, садо медиҳад. Аз ин обанбор ҳар ду кишвар истифода мекунанд, аммо он расман ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад. Тошканд аз ин даъвояш даст кашиданӣ нест ва ҳатто ният дорад барои замонавӣ гардонидани он 100 миллион доллари ИМА харҷ кунад.

Муаллифони филм қайд мекунанд, ки дар бунёди ин обанбор мутахассисони ӯзбек ва беш аз 70 ҳазор сокини Ӯзбекистон иштирок кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *