Саҳми роҳсозони ҶДММ “Ваҳдат-2018” дар мумфаршкунии роҳҳо

Соли равон роҳсозони вилояти Суғд иди касбии худро дар шароите ҷашн гирифта истодаанд, ки дар саросари кишвари азизамон тантанаҳои идона ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Албатта, тавъам омадани ин ҷашнҳо бесабаб нест ва маҳз Истиқлоли давлатӣ ва самараи талошҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки инфрасохтори роҳу нақлиёт сол аз сол беҳтар мегардад. Ҳамасола садҳо километр роҳҳо ва даҳҳо пулҳои замонавӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва айни замон дар марҳилаи нави рушди соҳа, ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ мавриди амал қарор дорад ва дар доираи ин лоиҳаҳо таҷдиди роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом иборат аз 4 қитъа (52 километр) ва сохтмони якчанд пул оғоз ёфтааст, ки баъди ба истифода додани онҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар ва таъмини бехатарии ҳаракат такони нав мебахшад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин раванд баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбари олии мамлакат ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаву канори кишвар дар самти корҳои мумфаршкунӣ, дар вилоят фақат дар 8 моҳи соли ҷорӣ 200 километр роҳ мумфарш карда шуд, ки аз он зиёда аз 100 километраш аз ҳисоби соҳибкорону аҳолии вилоят ба иҷро расида, ин кору хайру савоб аз иштироки фаъоли мардуми вилоят дар ободонии Ватани маҳбуб гувоҳӣ медиҳад.

Дар корҳои мумфаршкунии роҳҳои вилоят саҳми роҳбарият ва мутахассисони ҶДММ “Ваҳдат-2018” низ назаррас аст. Ин ширкати роҳсозӣ бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламон бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат баста, фаъолияти худро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд.

Ширкати роҳсозии ҶДММ “Ваҳдат-2018” бо иҷрои корҳои мумфаршкунӣ дар таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир гузошта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рисолати худро иҷро намуд.

Мутахассисону роҳсозони ширкат имрӯзҳо барои бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона ва софдилона меҳнат намуда истодаанд ва дар ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *