Саҳнаи нави “Хандинкамон” аз маъшуқабозии мардҳо мегӯяд

“Ютуб” — канали Muhammad Production баромади ҳаҷвнигорони шинохтаи Театр-студияи “Хандинкамон”-ро аз консерти Анвар Ахмедов нашр намуд, ки дар он Гулбаҳор Ғаффорова, Муқимҷон Абдуфаттоев, Қаҳрамонҷон Ёров ва умуман аҳли гуруҳи мазкур иштирок намудаанд.

Саҳнаи ҳаҷвӣ аз мушкили маъшуқабозии мардҳо қисса карда, қисми асосиашро муколама байни зани асосӣ ва маъшуқаи мард ташкил медиҳад.

Бо ин саҳнаи ҳаҷвӣ ҳавҷнигорон гуфтан мехоҳанд, ки бархе мардҳо аз ҳамсари ҳақиқиашон дида, ба занҳои бегона ё худ маъшуқаҳо таваҷҷуҳи зиёд мекунанд. Онҳо миссияи зани асосиашонро дар иҷро кардани корҳои хона ва нигоҳубини фарзандон дониста, барои хушҳоливу фароғат ба маъшуқабозӣ мепардозанд.

Дар саҳнаи мазкур, ки мантиқан дар тарабхона аст ва зан маъшуқаи шавҳарашро вомехӯрад, ҳаҷвнигорон бо муколамаашон ҳолати имрӯзаи мушкили ҷориро инъикос мекунанд.

Барои ҷомеаи мо ин мавзӯи нав нест, вале дар навбати худ наметавон сарфи назар кард, зеро маъшуқабозии қисме аз мардҳо ба оилавайрониҳои зиёд оварда мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Театр-студияи “Хандинкамон” бо аъзои аввалини худ дубора рӯйи саҳна баромада, саҳнаҳои ҳаҷвии шавқоварро ба ҳаводорони ҳаҷв пешниҳод карда истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *