Таъмири 227236,08 метри квадратӣ роҳ бо харҷи 28524,30 тонна асфалт (аудио)

Таъмиру таҷдиди роҳ дар фаъолияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми меҳварӣ дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчак дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад то 19-уми сентябр 28524,30 тонна асфалт харҷ шудааст. Агар корҳои амалишударо раддабандӣ намоем, пас дар минтақаи Варзоб бо харҷи 5784,10 тонна асфалт 38958,99 метри квадратӣ, дар минтақаи Зарафшон мутаносибан 9514,80 метри квадратӣ ва 87998,09 метри квадратӣ ва дар минтақаи Суғд бо сарфи 13225,40 тонна асфалт 100279 метри квадратӣ роҳ таъмир шудааст.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт собитқадам буда, соли ҷорӣ зиёда аз 110524 метри квадратӣ роҳ таъмири куллӣ шудааст.

Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

Баъзан доир ба набудани роҳи алтернативӣ дар ин масир андешаҳои беасос баён мешаванд. Ин тоифа шояд намедонанд, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ «алтернативӣ» мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?

Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе — Чаноқ, ки аз минтақаи релефаш душвори куҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи «алтернативӣ» низ хароҷоти қобили мулоҳиза дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Аз ҷониби дигар, нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз амалӣ шудааст.

Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *