САҲА дархости Тоҷикистонро қабул кард

Мақомоти тоҷик даъват кардаанд, ки ҳузури, «афроду гурӯҳҳои ҷинояткор» дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) маҳкум шавад. Ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон рӯзи 8 декабр дар изҳороти якҷояи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар шаҳри Ҳамбурги Олмон қабул шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар шарҳи пешниҳодаш аз кадом гурӯҳу афроди мушаххас ном набурдааст. Аммо дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол аъзо ва тарафдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат ва «Гурӯҳи 24» бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон, хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *