Боздошти афғонбача

 Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар додаанд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсати КДАМ ҶТ дар ҳудуди ВМКБ шаҳрванди Афғонистон Шоҳиззат валади Сироҷиддинро бо ҷурми паҳн кардани пулҳои қалбакӣ бо асъори хориҷӣ ва сомонӣ дар назди бозори наздисарҳадии Рузваи ноҳияи Дарвоз дастгир карданд. Зимни азназаргузаронии шахсӣ аз номбурда ба миқдори зиёд маблағҳои қалбакии хориҷӣ ва сомонӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
«Мувофиқи маълумоти фаврӣ шаҳрванди ҶИА Шоҳиззат валади Сироҷиддин, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи қарияи Руғанаки вулусволии Шикаи вилояти Бадахшони ҶИА аз гурӯҳҳои террористӣ ғайриқонунӣ асъори хориҷӣ ва сомонии қалбакӣ дастрас намудааст», — омадааст дар хабари маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ.
Айни замон нисбат ба шаҳрванди ҶИА Шоҳиззат валади Сироҷиддин аз тарафи шуъбаи тафтишоти КДАМ ҶТ дар ВМКБ бо дастрасии моддаи 281-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *