Фариштаи панҷобӣ дунёро такон медиҳад?

Ному насаб: Сурбҳӣ Ҷотӣ (Surbhi Jyot)

Санаи таваллуд: 29 майи соли 1988 (28-сола)
Ҷои таваллуд: Панҷоб
Макони зист:  Ҳиндустон
Касб: ҳунарпеша
Бурҷ: ҷавзо
Филми дӯстдошта: “Ишқи безабон”
Ҷоиза: Indian Television Academy Award дар номинатсияи «Беҳтарин актрисаи сол аз назари GR8»

Бойдухтари ҳунарманд

Сурбҳӣ Ҷотӣ (Surbhi Jyot) 29 майи соли 1988 дар Панҷоб дар оилаи тоҷир ва моделер чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аслан фарзандони оилаҳои сарватманд танбалу худпараст мешаванд ва ҳушу ёдашон танҳо ба пулу мол ва карру фар карда гаштан банд аст, вале хислату хӯйи Сурбҳӣ ба дигар бойдухтарҳо ягон зарра монандӣ надорад.  Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ин духтараки фатиламӯй нисбати худ бисёр сахтгиру серталаб буд ва шабу рӯз сарашро аз китоб намебардошт. Дар дили кӯчаки ӯ орзуи бузурги актриса шудан ҷӯш мезад. Мехост ҷою мақоми худро дар зиндагӣ пайдо кунад, то мардум ӯро на аз пушти падару модараш, балки аз рӯйи ҳунару маҳораташ шиносанд ва қадр намоянд. Бо ҳамин мақсад баъди хатми мактаби миёна вай ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи актёрии коллеҷи санъат супурд ва дар як муддати кӯтоҳ исбот намуд, ки дар ҷодаи ҳунар одами тасодуфӣ нест. Коргардонҳои заршиноси ҳинду ҷавҳари ҳунарро дар ботини ин духтараки амсоли фаришта зебо пай бурда, аз овони донишҷӯияш Сурбҳиро ба филмҳояшон таклиф мекарданд. Филмҳо кӯтоҳмуддат бошанд ҳам, Сурбҳии хушгил тавонист образҳои хотирмон офарида дар дилу дидаи ошиқони синамо маъво бигирад.

“Согласие”-калиди шуҳрат

Коргардони машҳури Ҳиндустон Каран Ҷохар чанд филми кӯтоҳмуддатро бо иштироки Сурбҳӣ Ҷотӣ тамошо карда, аз истеъдоди волою нотакрори ин духтараки панҷобӣ ба ваҷд омад ва қарор дод, ки дар филми навбатиаш ҳатман ин фариштаро ба навор мегирад. Баробари пайдо кардани сарпарастон барои ба навор гирифтани силсилафилми “Согласие” коргардон ин актрисаи ҷавонро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Сенарияи филм ба Сурбҳӣ писанд омад ва бе дудилагӣ ба шартнома имзо гузошт. Филми басо пурпечутоб буда, ҳодисаҳои филм чунон риққатоваранд, ки касро ба гиря меорад. Филм дар бораи сарнавишти талхи Зоя ном духтараке нақл мекунад, ки дар як оилаи сарватманд келин шудааст. Арӯси хонадони бою бадавлат гашта, Зоя ба ҷойи хушбахт шудан, баръакс ба гирдоби ғаму ғусса меафтад. Дар ин оилаи пулмаст дар сари ҳар қадам ӯро паст мезананд, азоб медиҳанд, дар сари роҳаш чоҳи макру ҳила мекананд. Зоя, ки дар Амрико ба воя расида, руҳияи амрикоӣ дорад, барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебарад, вале комёб гашта наметавонад. Биолохира авсуни бадрашкаш бо ҷодугарӣ ин зани муборизро аз ақл бегона месозад. Зояи бадбахт ду духтарчаи нозанинро ба дунё оварда, ҷавонмарг мешавад. Санаму Саҳро мисли як себи дукафон ба модарашон монанд буда, тақдирашон низ мисли тақдири модар печутобҳои бисёре дорад. Ҳанӯз дар замони кӯдакиашон онҳоро медузданд ва хоҳарон аз ҳам ҷудо калон мешаванд. Акрисса иқрор шудааст, ки дар офаридани нақши Зоя чандон дуворӣ накашида бошад ҳам, офаридани образҳои Санами хаппаку тарсончак ва Саҳрои шартакигӯй басо мушкил буд, зеро ин хоҳарон зоҳиран ба ҳамдигар монанд бошанд ҳам, хислату хӯяшон аз ҳамдигар куллан фарқ дорад. Сурбҳӣ шабу рӯз  машқ мекард, то дар офаридани образҳое, ки ба ӯ бовар накардаанд, ба ягон хатогӣ роҳ надиҳад ва нақшҳояшро ҷаззобу хотирмон бибозад. Заҳматҳои шабонарӯзии ин зебосанам барабас нарафтанд ва филм муваффақияти бузург овард. Ин силсилафилм номи Сурбҳӣ Ҷотиро натанҳо дар Ҳиндустони паҳновар, балки дар нисфи ҷаҳон машҳур гардонд. Бо шарофати ҳамин филм Сурбҳии нозанин дар фестивалҳои байналмилалии кино ширкат варзида, соҳиби чандин ҷоизаҳои баланд гашт ва чеҳраи зеботарини Болливуд эътироф гашт. Акнун мухлисон мудом мисли соя мудом аз пасаш мегаштанд ва актриса аз тарси ошиқони хирааш дар кӯча озодона сайругашт карда наметавонист…

kinopoisk.ru kinopoisk.ru

Вақте ки борони пул меборад…

Як шом Сурбҳӣ дар хонааш дилтанг нишаста буд, ки садои занги дар баланд шуда, риштаи хаёлоташро барканд. Дилу бедилон дарро боз намуда бо дидани меҳмони азиз ӯ мисли кӯдаке, ки Бобои Барфӣ ба табрикаш омадааст, шод шуд ва чеҳрааш якбора шукуфт. Вай бо лабони пурханда коргардон Каран Ҷохарро ба хона таклиф карда, дар наздаш мизи пурнозу неъмат орост ва дар сари як пиёла чой мақсади ташрифашро пурсон шуд. Вақте ки коргардон тиражи силсилафилми “Согласие”-ро гуфт, духтар қариб аз ҳуш рафта буд. Каран Ҷохари аз рӯйи ин филм миллионергашта ба сари зебосанами панҷобӣ як даста доллару евро пошида, миннатдорона иқрор шуд, ки маҳз бо шарофати Сурбҳӣ Ҷоти кинокомпания соҳиби даромади калон шуда, дар олам машҳур гашт…

Арӯси серхаридор

Харидорони ин фариштаи панҷобӣ аз мӯи сар зиёданд, вале ӯ ҳатто барои сарсарӣ хондани даста-даста номаҳои пурсӯзу гудози ошиқона, ки ҳамарӯза аз гӯшаю канорҳои гуногуни олам ошиқони беқарораш менависанд, вақт намеёбанд. Ин зебосанами шуҳраи олам ончунон ба касбаш ошиқ аст, ки ба ҷуз кино дигар дар бораи ягон чиз фикр намекунад. Душманонаш дар бораи Сурбҳӣ қиссаҳои зиёди ҳангомабор мебофанд, вале актриса ба сару садоҳое, ки вирди номаш давр мезананд, диққат намедиҳад.  Сурбҳӣ ба ин овозаҳо бо тамасхур нигариста мегӯяд:

Ҳар кас ба гумони худ хаёле дорад,

Ман худ донам, ҳарчи ҳастам, ҳастам.

Ин зебосанами фариштахисол ба ишқу ошиқӣ заррае ҳам бовар надорад ва муътақид аст, ки тақдири инсон дар дасти офаридгор аст. Сурбҳӣ мехоҳад бо марде арӯсӣ кунад, ки худованд аз рӯзи азал дар насибаш навиштааст.

Мо ба ин бонуи панҷ панҷааш ҳунар парвозҳои баланди эҷодӣ ва бахти сафед хоҳонем!

Омодасоз: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *