Сабабҳои кор накардани терминалҳо маълум гардид

Давоми 3 рӯзи охир мардуми пойтахт ва атрофи он имконияти пардохти маблағ бателефонро  тавассути терминалҳо надоранд.

Тамоми терминалҳо хомӯш карда шуда, кор намекунанд. Мирзо Раҳимов, директори ширкати “Пародхт.тҷ” шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди қатъи кори бисёри терминалҳои пардохтро тасдиқ карда, гуфт, ки нигоҳдории терминалҳо зараровар шудааст ва он ба қарори ҳукумат рабт дод.

Ӯ гуфт, ки ширкаташ бо соҳибкорони инфиродӣ шартнома дошт ва ин соҳибкорон барои пардохти пул тариқи терминалҳо фоизи муайян-то 3 фоиз ҳаққи худ мегирифтанд. Дар асоси қарори ҳукумат, ки соли гузашта қабул гардид, муқаррар шудааст, ки соҳибкорон ин фоизро на аз муштариён балки аз ширкатҳои мобилӣ гиранд: “Ахиран назорати иҷрои ин қарор пурзӯр гардид. Фаъолият бе гирифтани фоизи муайян барои соҳибкорон фоидаовар нест ва бинобар ин онҳо кори терминалҳоро қатъ кардаанд, зеро онҳо низ хароҷот доранд. Аз ҷумла иҷора, андоз, таъмири техника ва дигар хароҷот…”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *