Деваштич: Худкушии ҷавонро дида раис дилкаф шуд

Овозаи ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ҷавони 16-солаи деваштичӣ наздики як моҳ аст, ки фазои  Суғдро  фаро гирифтааст. Ҳодиса дуюми  феврал ошкор шуда бошад ҳам,  аслан он чор рӯз пеш рух додааст.  Яъне  ҷисми беҷони маҳрумро баъди чор рӯзи дар шохи дарахт кашол истодан,  пайдо намудаанд.

Рӯзе, ки мо ба деҳаи Чашма рафтем, то  бо аҳли оилаи марҳум-Акмалҷон сӯҳбат кардан фикри чанде аз сокинонро пурсон шудем. Тахминҳо гуногун буданд, аммо аксарият  гумон доштанд, ки гул борин ҷавон бесабаб қасди ҷони ҷавони худ намекунад. Ҳамон рӯзи наҳс  бародараш Акмалҷонро сарзаниш кардааст ва ӯ бо ғазаб аз хона баромада рафтаааст.  Пас аз 4 рӯз мурдаи ӯро, ки қасди ҷон кардааст аз боғашон, ки дуртар аз хонаашон ҷойгир аст пайдо намудаанд. Ин гурӯҳи  сокинон барои тақвият бахшидани  гумонашон  далел оварданд, ки аз рӯзи ҷисми беҷони Акмалҷонро пайдо кардан кормандони ҳифзи ҳуқуқ бародари ӯро барои пурсуҷӯ бурдаанд, аммо натиҷа маълум нест…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «ОИЛА» мутолиа намоед.

                                                                                                                               Фарзона Муродӣ

                                                 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *