Сабаби ба Панҷакент нарафтани Президент дар чист?

Бино ба иттилое, ки сомонаи «Ахбор» нашр кардааст, дар шаҳри Панҷакент маршировка ва дигар омодагиҳо ба истиқболи президент якбора қатъ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон сафараш ба Панҷакентро ба моҳи март ақиб партофтааст. Мақомоти маҳаллӣ дар ин авохир бунёд нашудани ягон иншооти муҳим ё пурдабдаба дар Панҷакентро як сабаби асосии ба ин минтақа наомадани раисиҷумҳур мешуморанд.

Овоза буд, ки моҳи августи соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент ташриф меорад. Дар ин замина биноҳои марказии шаҳр таъмири ҷорӣ шуданду корҳои ободонӣ дар Панҷакент вусъат ёфт. Ҳамин тавр, чанд муддат хонандагони мактабҳо ба маршировка фаро гирифта шуда, шеваи истиқбол аз сарвари давлатро машқ мекарданд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент наомад. Як нафар аз мансабдорони маҳаллӣ ба сомонаи «Ахбор» иттилоъ дод, ки сабаби наомадани сарвари давлат ба Панҷакент он будааст, ки гӯё дар ин авохир ягон иншооти муҳим ё ба қавле «дабдабанок», ки президент дар кушодашавии он ширкат кунад, дар Панҷакент бунёд нашудааст.

Ҳамчунин ин нафар гуфт, ки дар маҷлиси охирини назди сарвари давлат аз рафти корҳои созандагӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент изҳори норозигӣ шудааст. Сарвари давлат эродҳои хешро ба Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент баён дошта, гуфтааст, ки моҳи март ба Панҷакент ташриф меорад.

Бори охир президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санаи 18-уми октябри соли 2015 ҳангоми ба истифодадиҳии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, ки он рӯз барф борид ба Панҷакент ташриф оварда буд.

Аммо феълан корҳои тайёрӣ ба истиқболи президент дар Панҷакент, аз ҷумла маршировкаҳои хонандагон, якбора қатъ карда шудаанд.

Панҷакент дар водии Зарафшони вилояти Суғд дар 240-километрии шимоли Душанбе ва 270-километрии шимолуғарби Хуҷанд дар масоҳати 36970,9 километри мураббаъ ҷойгир шудааст. Дар Панҷакент, бино ба оморҳо, беш аз 250 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Бузургтарин корхонаи саноатии ин минтақа корхонаи тилои «Зарафшон” аст, ки 75 дарсади саҳмияҷҳояш дар дасти ширкати чинии «Зи Ҷин” қарор дорад. Ин корхона солона иқтидори истихроҷи то 5 тонна тилоро дорад ва 60 дарсади маҳсулоти саноатии Панҷакентро тавлид мекунад.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *