Ба полисе, ки муҳоҷири тоҷикро «шикор» кард 4 соли зиндон доданд

Додгоҳи ноҳияи Свердловски Русия Б., як корманди собиқи пулиси шаҳри Берёзовскийро, ки муҳоҷири тоҷикро аҳамчун ҳадаф(мишень) қарор дода, ба сараш аз пистолети травматикӣ парронда буд, ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Ин афсар гуфтааст, ки … шӯхӣ карданӣ буд.

Додгоҳи вилояти Свердловски Русия рӯзи 28 сентябр старшинаи собиқи пулиси шаҳри Берёзовский, воқеъ дар канори шаҳри Екатеринбургро бо ҷурми берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ бо истифода аз силоҳ бар асоси қисми сеюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноятии Русия ба 4 соли зиндони ниҳомаш умумӣ маҳкум кард. Ӯ ду соли дигар ҳаққи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро низ нахоҳад дошт.

Бино ба гузоришҳо, кормандони пулиси шаҳри Берёзовский дар ҳолатии мастӣ Ш. ном як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро шаби 1 июл дар истгоҳи Максим Горкий дастгир кардаанд. Сабаби боздошти муҳоҷири тоҷик маълум нест, вале кормандони пулис хостаанд, ки бо вай як каме «дилхушӣ” кунанд.

Онҳо шаҳрванди тоҷикро ба «мишень” ё- ҳадафи зинда табдил дода, маҳорати тирпарронии худ аз пистолети травматикиро дар бадани вай машқ кардаанд. Афсарони пулис дунбаи муҳоҷирро чӯт мегирифтанд, вале тири якеи онҳо хато рафта, ба сари ӯ задааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1987 ба бемористон муроҷиат кардааст. Ташхиси табибон нишон дод, ки ӯ аз ноҳияи сараш захми тир бардошта, мағзи сараш низ ҷумбидааст. Маъмурияти бемористон бар асоси қонун дар бораи ин ҳодиса ба пулис хабар дод ва ба зидди афсаре, ки бо муҳоҷири тоҷик чунин «дилхушӣ” кардааст, парванда кушоданд.

Б. дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки қасди осеб расондан ба муҳоҷири тоҷикро надошт, балки … шӯхӣ карданӣ буд. Ӯ гуфтааст, ки дар қатори дигар кормандони пулис вай ҳам аз пистолети травматикӣ дунбаи шаҳрванди Тоҷикистонро чӯт гирифт, вале тир хато рафта, ба сари вай расид.

Расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки Б. мебоист ба нафақа мебаромад ва он шаб кормандони пулис муҳоҷири тоҷикро ба зиёфати хайрбодии ӯ ҳамчун «тӯҳфа ба соҳибҷашн” оварда, гуфтаанд, ки дар охирин соатҳои кораш дар пулис бо ин каме «дилхушӣ” кунад.

Пулиси вилояти Свердловск гуфт, раҳбари пулиси вилоят Михаил Бородин билофосила баъди ошкор шудани ин қазия ҷиҳати оғози тафтиши хидматӣ амр дод ва бар асоси он «корманди боздоштгоҳи муваққат (ИВС)-и пулиси шаҳри Берёзовский аз сафари мақомоти корҳои дохила бо далелҳои манфӣ пеш карда шуд ва маводи парванда барои тафтиш ва кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба кумитаи тафтишот супурда шуд.”

Бо амри генерал Бородин, раҳбарони мустақими старшина Б. низ ҳушдори қатъӣ гирифта, ба яке аз онҳо дар мавриди «мутобиқати нопуррааш ба мақоми хидматӣ” ҳушдор додаанд.

Дар баҳсҳои интернетӣ як нафар, ки худро шоҳиди айнии ҳодисаи шаби 1 июл муаррифӣ кардааст, менависад, ки он шаб кормандони пулиси Берёзовский дар зиёфат ба муносибати ба нафақа рафтани яке аз ҳамкоронаш нишаста буданд ва ҳама сархуш буданд.
Дар ҳамин асно, як ҳайъати ППС муҳоҷири тоҷикеро, ки аз кӯча дастгир карда буд, ба шӯъба оварда, ба соҳибҷашн «тӯҳфа” кардааст. Сипас ҳамагӣ дар ҳолати сархушӣ қарор кардаанд, ки дунбаи ин муҳоҷирро чӯт гирифта, маҳорати тирпарронии худро бисанҷанд.

Мақомоти раёсати корҳои дохилии вилояти Свердловск қаблан гуфта буданд, афсаре ки муҳоҷири тоҷикро паррондааст, ду рӯз пеш аз ин ҳодиса – 29 июн – расман ба нафақа баромада буд. Вале бисёриҳо инро як навъ талоши ҳифзи обрӯи пулис мешуморанд ва мегӯянд, дар сохторҳои интизомии кишварҳои пасошӯравӣ ин як амри маъмул шудааст, ки корманди бо иттиҳоме дастгиршударо бо ягон таърихи пештар аз кор ҷавоб медиҳанд, то парвандааш ба номи он идора доғи иснод наорад.

Аз тарафи дигар, дар синни 37 ба нафақа рафтани ин афсар суолҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад ва суоле низ бармехезад, ки агар ӯ алакай ба нафақа рафта буд, дар он поси шаб чигуна метавонист муҳоҷир «шикор” кунад?

Як корманди собиқи пулис навиштааст, ки дар пулиси Русия анъанае вуҷуд дорад, ки ба афсари мустаъфӣ қабл аз тарки кор барои «шикори охирин” имкон медиҳанд. Ин афсари 37-сола, ки он шаби охирини кораш буд, низ ба «шикори охирин” баромадааст ва аз қазо «сайд”-аш он муҳоҷири бечораи тоҷик шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *