Сабаби тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чист?
Чаро сокинони ду кишвари ҳамсоя ба ҳам унс намегиранд?
Муовини раиси ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон, ки ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мебошад, марзбонҳои кишвари ҳамсояро ба сар задани тирпарронии шоми 12-уми апрел муттаҳам кард. Дар ин ҳодиса аз ду тараф чанд кас захмӣ шуданд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон, баръакс, масъулиятро ба дӯши неруҳои Тоҷикистон гузошт. Мақомоти ду тараф рӯзи 13-уми апрел ба музокирот пардохта, розӣ шудаанд, ки «неруҳои худро аз хати марз ба маҳали доимияшон баргардонанд».
Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз, мақоми нахустини расмӣ аз ҷониби Тоҷикистон аст, ки тирпарронии шоми 12-уми апрелро дар сарҳад бо Қирғизистон шарҳ дод.
То ин дам тамоми кӯшишҳо барои гирифтани иттилоъ аз мақомоти вилояти Суғд, неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигар бенатиҷа буд. Баръакси ҳодисаҳои пешина, мақомот изҳороти расмӣ низ нашр накарданд.
Бону Матлуба Ҷӯрабоева рӯзи чоршанбе гуфт: “Вақте сарҳадбонони мо ба хидмат машғул буданд, сарҳадбонҳои Қирғизистон хостаанд гуфтушунид кунанд. Вақте марзбонҳои мо наздик мешаванд, онҳо аввал тир мекушоянд. Низомиёни мо тири ҷавобӣ кушодаанд. Дар натиҷа, як марзбони Қирғизистон захмӣ мегардад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада, ором мекунанд”.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 12-уми апрел дар эъломияе гуфт, гуё сарҳадбонони тоҷик «талаби марзбонони қирғизро нодида гирифта”, тахминан “20 метр ба дарунтари сарҳади Қирғизистон ворид шуданд». Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, “бо ҳадафи огоҳ кардан ба ҳаво тир кушоданд” ва дар ҷавоб гуё марзбонони тоҷик “ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушоданд. Дар пайи музокира тирпаронӣ хотима ёфт”.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар тирпарронии шаби гузашта як сарбози ин кишвар захмӣ шудааст.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар тирпарронии шоми сешанбе сержант Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст. «Вай аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст»,- хабар додаанд манобеи Радиои Озодӣ.
Муовини раиси ҷамоати Хистеварз мегӯяд, ҳоло вазъ дар минтақаҳои марзӣ ором аст, ҳарчанд баъзе аз сокинон мегӯянд, аз такрори чунин ҳодисаҳо нигаронанд. “Мардум ба таҳлука наафтоданд. Ин бори аввал нест. Мо гуруҳи тарғиботӣ дорем ва мардуми маҳаллаҳои наздимарзиро огоҳ кардем, ки ҳушёр бошанд”,- мегӯяд Матлуба Ҷӯрабоева.
Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Борбоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Дар ин ҷамоат беш аз 62 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд. Марз дар ин минтақа пурра муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ