Масъалаи гирифтани нафақаи муҳоҷирон дар Русия ҳал шуд (аудио)

Ахиран дар ҷаласаи Парлумони Тоҷикистон масъалаи гирифтани нафақаи муҳоҷирон дар Русия ҳал шудааст. Аммо ба як шарт: муҳоҷирон бояд расман дар ҷое кор ва андози иҷтимоӣ пардохт кунанд.

Дар ин росто, вакилони Парлумони Тоҷикистон 13-уми апрел  Созишнома байни Русия ва Тоҷикистонро оид ба ҳамкорӣ дар самти нафақа ҷонибдорӣ намудаанд.

Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯз гуфтааст, бар асоси ин санад, минбаъд Русияву Тоҷикистон уҳдадоранд ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар қаламрави якдигар кор кардаанд, нафақа таъин кунанд. Ӯ афзудааст, ки талабот барои ҳарду кишвар ҳамин аст, ки шаҳрвандон андози иҷтимоӣ пардохт карда бошанд. Яъне, андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ вобаста аст.

Гуфта мешавад, ки созишнома солҳои 2014-2015 аз ҷониби Русия омода шуда буд. Давоми ин солҳо он дар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ ва ниҳоят қабул шуд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи нафақаи муҳоҷирон чандин сол боз ба баҳс кашида мешавад. Дар ин маврид Cозишнома бо Русия моҳи сентябри соли 2021 имзо шуда буд. Вакилони Парлумони Тоҷикистон бошанд, ин санадро акнун қабул карданд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, феълан беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору зиндагӣ доранд. Аммо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар хориҷаро 387 ҳазор нафар эълон кардааст. Ин оморест, ки шубҳаро ба миён овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *