Сабринаро ҷоғар кушт ё «маршировка»

Сабрина Саидова, хонандаи синфи нӯҳи мактаби рақами 9-уми деҳаи Дӯстии ҷамоати Ваҳдатобод ҳангоми «маршировка” дар варзишгоҳи нави шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидааст. Шоҳидон мегӯянд, ки ӯро офтоб зад. Вале табибон мегӯянд, ки Сабрина бемории ҷоғар (зоб) дошт.

Ба гуфтаи шоҳидон, Сабрина Саидова, хонандаи синфи нӯҳуми мактаби рақами 9-уми деҳаи Дӯстӣ (собиқ Туркобод)-и ҷамоати Ваҳдатобод (собиқ ба номи Карим Исмоилов) рӯзи 20 июн дар айни авҷи омодагиҳо ба ҷашни Ваҳдат дар варзишгоҳи нави шаҳри Ваҳдат аз ҳуш рафт.

Сабринаро ба бемористони Туркобод бурдаанд, вале табибон натавонистаанд, ки ӯро наҷот диҳанд.

Шоҳидон мегӯянд, ки «маршировка” барои омодагӣ ба ҷашни асосии Рӯзи ваҳдат, ки имсол бо ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи нави шаҳри Ваҳдат доир мешавад, тайи беш аз як моҳ дар шароити гармои сахт мегузашт ва бар болои ин, рӯзадорӣ мардумро дар як ҳолати тоқатфарсо қарор дода буд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҷараёни «маршировка”-ҳо чандин бор иштироккунандагон, бахусус хонандагони мактабҳо, ки ноболиғанд, мушоҳида шудааст.

Рӯзи 20 июн низ «маршировка” дар варзишгоҳ дар зери ҳавои хеле гарми тоқатфаро мегузашт. Сабрина Саидова, ки аз ҷониби мактабаш ба ин «маршировка” фиристода шуда буд, ба ин гармӣ тоқат наоварда, аз ҳуш рафт. Ибтидо ӯро ба як ҷои соятар бурдаву ба рӯяш об задаанд, ки ба ҳуш биоранд, вале муваффақ нашудааст. Сипас Сабринаро ба бемористон бурдаанд, вале табибон ҳам натавонистаанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Табибон мегӯянд, ки Сабрина Саидова бемории ҷоғар дар сатҳи хеле баланд дошт ва ҳамин беморӣ иллати маргаш шудааст. Вале ба гуфтаи шоҳидон, ӯро ҳангоми «маршировка” офтоб зад.

Мақомоти маҳаллӣ падару модари Сабрина Саидоваро ҳушдор додаанд, ки дар бораи ҳангоми «маршировка” вафот кардани духтарашон дар ягон ҷо лаб накушоянд. Аз ҷамоати Ваҳдатобод ба онҳо ваъда кардаанд, ки пули худоиҳои Сабрина Саидоваро хоҳанд дод, вале то ҳол кумаке ба ин хонавода аз ҷониби мақомот нарасидааст.

Бознашр аз сомонаи Ориён

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *