Рустами Эмомалӣ ба муҳасилини Душанбе 200 сомонӣ медиҳад

Барои хонандаҳову донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ стипендияи раиси шаҳри Душанберо таъсис додааст.

Дар қарори шаҳрдори Душанбе омадааст, ин стипендия барои 200 нафар дар ҳаҷми 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нуҳ моҳи соли хониш таъсис дода мешавад. Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳри Душанберо муваззаф кардааст, “аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти стипендияи мазкур дар соли 2017 маблағи мазкурро ҷудо намояд”.

Дар низомномаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе ҳадафи таъсиси он “дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавононе, ки рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд”, гуфта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *