Ҳукми Беҳзод Маннонов содир карда шуд

Як сокини шаҳри Душанбе ба ҷурми фиреби даҳ ҷавон барои таҳияи визаи Шенген ва, ҳамин тавр, кору зиндагии хуб дар Аврупо ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ба пардохти 73 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 9 ҳазор доллар ба фоидаи давлат низ муввазаф кардааст. Ҳукмро додгоҳи пойтахт содир кардаааст.

Бино ба ин ҳукм, Беҳзод Маннонови 35-сола соли гузашта бо насби эълоне дар хиёбонҳои шаҳри Ваҳдат ва Душанбе гирифта додани визаи Шенген ва Куриёи Ҷанубиро ваъда кардааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки Маннонов барои таҳияи аснод аз ҳар кадом довталаб 1,5 ҳазор сомонӣ гирифта, аммо натанҳо корашонро буд накардааст, балки «ғайб задааст». Ӯ дар маҷмуъ даҳ ҷавонро фиреб кардааст.

Пас аз боздошт, мақомоти тафтишотӣ маълум кардаанд, ки Беҳзод Маннонов бархе аз сокинони дигарро низ бо баҳонаи харидани мошин фиреб дода ва ҳатто ба як нафар бар ивази қарз ҳабҳои мадҳушкунанда додааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *