Сабукиҳои нав: хизмат то 100 км аз хона…

11 октябр  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ба сарбозон баъзе сабукиҳоро муайян кард.

Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт: «Агар ҷавонони соҳиби як фарзанд ба хидмат даъват шаванд ва давоми хидмат як фарзанди дигарашон таваллуд шавад, аз хизмат озод мегарданд.

Инчунин, дар  давоми хизмат ба сарбозони қаторӣ дар шаш моҳ як бор рухсатии 20-рӯза ва ба сержантҳо рухсатии 30-рӯза дода мешавад: “Маблағи роҳкиро аз ҳисоби қисми ҳарбӣ пардохт мегардад”.

Ба гуфтаи Собирзода  «ба сарбозе, ки оиладор аст, барои осон кардани хабаргирӣ аз хонаводааш имконият дода шудааст, ки дар масофаи 100 километр то хонааш хизмат кунад. Қонун ин имкониятро пешниҳод кардааст”.

Муовини вазири мудофиа инчунин иттилоъ дод, ки тибқи низомномаи дохилӣ наздикони сарбозони оиладор метавонанд моҳе ду бор ба хабаргирии онҳо биёянд ва як ҳуҷраи оила дар ихтиёри онҳо гузошта мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *