Видо Шарифӣ — Афғонистон

Пажмон…

Аз миёни ҳалқа-ҳалқа чашмҳоям мунтазир,

Мунтазир бо худ ба ҷанг, ҳатто садоям мунтазир.

Менишинӣ рӯй мебел, ором сагорат мекашӣ,

Гиря кардам ту набудӣ бо худоям мунтазир.

То ба кай ин гуна номардӣ, бигӯ, ҷони худат,

Мешавад оё шавӣ рӯзе бароям мунтазир.

Аксҳоямро ҷудо кардию додӣ дасти ман,

Рафтию гуфтӣ нашав ҳоло бароям мунтазир.

Косаи обе гирифтам то бирезам баъди ту,

То ки баргардӣ, биёӣ аз бароям мунтазир.

Гиря кардам пеши дарвозаву дидам ногаҳон,

Ҷуфти кафши ёдгорӣ пеши поям мунтазир.

***

Танҳоӣ  

Дуто дарахт, каме сабза дар канори касе,

Канори оби дарё касе хумори касе.

Нишаста духтараке рӯйи регҳо танҳо,

Навишта мекунад «ҳастам ба интизори касе».

Ва бод мерасад аз дурдастҳо наздик,

Ва мебарад ба худаш шоли ёдгори касе.

Ва духтар ҳарфи дилашро ба бод мегӯяд,

Ки бод қасди сафар карда то диёри касе.

Бибар ту шоли маро бо худат ба самти шимол,

Бигӯ, ки духтаре дил бохт дар қимори касе.

Бигӯ, ки духтаре бо як таноб истода,

Агар, ки хост биёяд ба пойи дори касе.

Агар, ки лаҳза ҳам пеши хеш фикр намуд,

Дубора мерасад ӯ пойи интизори касе.

***

Қиссаи ғусса

Ту нестию боз дилам танг мешавад,

Ту занг мезанӣ ба дилам ҷанг мешавад.

Ту қисса микунию дилам ғусса мехўрад,

Вақте, ки шаб ба хайри ту оҳанг мешавад.

Ту хоб мешавию маҳи бедор мунтазир,

Дар соате, ки сонияҳо ланг мешавад.

То субҳдам нигоҳи ман истода пушти дар,

Оё дилаш барои дилам танг мешавад?

ویدا شریفی- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *