Сабукиҳои Ӯзбекистон ба мошинҳои Тоҷикистон

Ҳукумати Узбекистон муҳлати убур ё транзити мошинҳои борбари Тоҷикистонро аз қаламрави ин кишвар то 5 рӯз дароз кардааст.

Дар гузашта ронандаҳои мошинҳои борбари Тоҷикистон ҳақ доштанд, ки ҳамагӣ се рӯз дар ҳудуди Узбекистон бимонанд, вагарна барои ҳар як рӯз 70 доллар ҷарима мешуданд. Ронандагон гуфтанд, баъд аз гармшавии муносибат, ҳаққи истифодаи роҳҳои Узбекистон барои мошинҳои боркаши Тоҷикистон низ аз 850 доллари пешина то 350 доллар поин оварда шудааст. Онҳо мегӯянд, агар вақти бозгашт низ аз тариқи Узбекистон биоянд, он вақт ҳамагӣ 200 доллар хоҳанд супурд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *