Садама боиси марги 10-нафар гашт
Матбуоти Русия менависад, ки дар пайи ба ҳам бархурдани ду мошин дар минтақаи мухтори Хантӣ-Мансииск 10 нафар, бо шумули 4 кӯдак, ҳалок шуд.
Хабаргузории Интерфакс аз қавли сухангӯи пулиси роҳ гуфт, ки садамаи нақлиёт рӯзи 3 январ дар шоҳроҳи Ниягани Хантӣ-Мансииск ба вуқӯъ паваст.
Мақомот мегӯянд, ки мошини Mazda 6 ва Renault Duster бо ҳам сар ба сар заданд ва гумон меравад, ки яке аз ронандаҳо назорати мошинашро аз даст дода буд.
Мақомот мегӯянд, яке аз чаҳор кӯдаки фавтида камтар аз як сол дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ