Пешгуиҳои Ванга ва Нострадамус дар бораи соли 2018

 

Дар дунё одамоне буданд ва ҳастанд, ки бо қобилиятҳои нодирашон ҳамагонро дар ҳайрат гузоштаанд. Ин тоифаро кароматпеша мегӯянд.

Инак, чанд пешгӯии кароматпешагони машҳуртарини олам-Нострадамус, Павел Глоба ва Вангаро пешкашатон месозем. Аз рӯйи гуфти ин экстрассенҳои шуҳратманд, соли 2018 буҳрони иқтисодӣ ҷаҳонро саросар фаро гирифта, дар тамоми олам танҳо ду намуди асъор: рубл ва евро боқӣ мемонанд. Баъзе экстрассенсҳо дар гардиш мондани юани хитоиро низ пешгӯӣ кардаанд.

Павел Глоба:

Путин курсии президентиро аз даст медиҳад

Пешгӯиҳои ин ғайбдон чандин маротиба амалӣ шудаанд. Глоба барҳам хӯрдани Иттифоқи советӣ ва ҳодисаҳои солҳои 2013-14 дар Украина ба вуқӯъ омадаро айнан пешгӯӣ карда буд, аз ҳамин сабаб нафарони зиёде ба гуфтаҳои ӯ эътимод доранд. Аз рӯи гуфтаҳои ин ғайбдони машҳур соли 2018 дар тамоми дунё мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ доман паҳн мекунад. Аввалин шуда ИМА гирифтори бурҳони иқтисодӣ ва баъдан сиёсӣ мегардад. Амрико бартарияти худро дар назди дигар кишварҳо аз даст медиҳад. Дар Русия ба ҷои Путин пешвои наве меояд, ки 55 сол дошта, то соли 2025 кишварро аз буҳрони иқтисодӣ берун меорад.

Ванга: Русия ҳокими ҷаҳон мешавад

Булғоризани ғайбдон Ванга муътақид буд, ки то соли 2018 қатораҳо бо симҳое ҳаракат мекунанд, ки то ба Офтоб рафта мерасанд. Ин пешгӯии экстрассенси нобино маънои онро дошт, ки навъи нави нақлиёт пайдо шуда, он аз нури офтоб нерӯ мегирад. Ин пешгӯии Ванга рост баромад. Айни замон чунин намуди нақлиётро дар Русия кафш карда, мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Нақлиёти навбаромад тавассути релсҳои дар замин овезон ҳаракат карда, аз офтоб нерӯ мегирад. Ин қатораҳо ба замин намерасанд ва суръаташон 500 км/с-ро ташкил менамояд. Вангаи бузург нақши Хитойро дар ҳаёти сиёсии олам хеле муҳим мешуморад. Ба гуфтаи Ванга дар соли 2018 Русия аз буҳрони иқтисодӣ баромада, аз нав ҳокими ҷаҳон мегардад.
Нострадамус ҷанги сеюми ҷаҳонро пешгӯӣ кардааст, вале…

Олим ва экстрассенси машҳури дунё Нострадамус муътақид буд, ки одамизод узвҳои инсониро аз нав сохта, дар оянда сайёраҳои дигарро фатҳ мекунад. Ин пешгӯиҳои Нострадамус ба ҳақиқат табдил ёфтанд. Ин нобиға оғоз ёфтани ҷанги сеюми ҷаҳонро пешгӯӣ кардааст. Аз рӯи гуфти Нострадамус дар ҷанги сеюми ҷаҳон ҷонибдорони дини ислом ва насронӣ бар зидди ҳам мебароянд. Дар ин ҷанг Аврупо зарари ҷиддӣ мебинад. Маркази барқароршавии сулҳу осоиштагӣ Сибир хоҳад гашт. Русия ва Хитой ҳокимони тамоми олам мегарданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *