Садама дар роҳи Душанбе — Варзоб: Ду сокини Истаравшан ба ҳалокат расиданд (аудио)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз садамаи нақлиётие дар роҳи Душанбе — Варзоб хабар дод, ки дар натиҷаи он ду нафар ба ҳалокат расидаанд.
— 9-уми сентябри соли равон тахминан соати 11:42 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 66-уми роҳи мошингарди Душанбе — Варзоб мошини сабукрави тамғаи «Mercedes-Benz», ки ба як сокини 37-солаи деҳаи Лакати шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат аз самти хуҷанд ба Душанбе бо мошини боркаше, ки соҳибаш як сокини 33-солаи шаҳри Ҳисор буд, бархӯрд. Сабаби ин фоҷеа дақиқ маълум нест, аммо ба эҳтимоли зиёд ҳангоми рӯ ба рӯ омадан, ронанда натавонистааст мошинеро, ки босуръат ҳаракат мекард, идора кунад,- хабар медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин садама ду мусофири мошини «Mercedes-Benz», ки яке 64-сола ва дуюмӣ 79-сола, ҳарду сокинони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд будаанд, ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи «Mercedes-Benz» ва ду мусофири дигар, ки ҳамагӣ зода ва сокинони Истаравшан мебошанд, бо ҷараҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол дода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ