Садамаи маргбор дар роҳи Хуҷанд 6 нафарро кушт

 

Мувофиқи хабари  ВКД-и  Тоҷикистон баъди зуҳри 24-уми июл дар пайи бархӯрди “Тойота” бо 2 “Мерседес” дар роҳи Душанбе-Чанноқ 6 нафар ба ҳалокат расиданд. 

Тавре аз Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тақрибан соати 15:10 Шералӣ Рабиев, ронандаи 32-солаи “Тойота-Корола”, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки таҳти идораи Юнусов Соҳибҷон, сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштааст, бархӯрдааст: “Дар пайи бархӯрди аввал «Тойота» бо як “Мерседес-Бенс”-и дигар, ки таҳти идораи Сабуров Суҳроб, сокини 36-солаи шаҳри Истаравшан, қарор доштааст, бархӯрдааст”.

Дар натиҷа мусофирони “Тойота”- Холов Даврон Сафармаҳмадович, соли таваллудаш 1992, Холова Майрам Давронбековна, соли таваллудаш 2015, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, ронандаи “Мерседес-Бенс” Юнусов Соҳибҷон ва мусофиронаш — Тоҷибоев Исроилҷон Иномҷонович, соли таваллудаш 1991, Файзиев Ҷамшед Маҷидович, соли таваллудаш 1990 ва Ҷӯраев Азимбой Муъминович соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд: “Шералӣ Рабиев, ронандаи “Тойота-Корола” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Спитамен бистарӣ гаштааст”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *