Садамаи мудҳиш: Ронанда ва се мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд
Дар роҳи мошингард миёни ҷамоати деҳоти Гулистон ва маркази ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон садамаи мошин ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, мошини тамғаи «Hyundai», ки аз ҷониби як сокини 26-солаи ноҳия Ҳамадонӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Бар асари ин ҳодиса ронанда ва се мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаркат қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва аз боло бурдани суръати ҳаракат худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ